ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ САРАТОН. Барои пешгирии он ғизоҳои муфид истеъмол намуда, ба варзиш машғул шавед

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ САРАТОН. Барои пешгирии он ғизоҳои муфид истеъмол намуда, ба варзиш машғул шавед
Феврал 04
12:09 2022

Бо ташаббуси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола 4 феврал дар ҷаҳон  Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории саратон ҷашн гирифта мешавад. Мақсад аз таҷлили ин рӯз — бедор намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба ин мушкилоти глобалӣ ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии мардум доир ба бемории саратон мебошад. 

Бемории саратон яке аз сабабҳои асосии марги одамон дар саросари дунё ба шумор меравад. Тибқи татқиқоти олимон, то соли 2030 эҳтимол ин беморӣ сабаби марги 13 млн аҳоли кураи Замин гардад. Аз ин рӯ мутахассисон тавсия медиҳанд, ки барои пешгирии бемории саратон одамон бояд ғизоҳои фоиданок истеъмол намуда, вақти худро бештар дар ҳавои тоза гузаронанд ва ба варзиш машғул шаванд. Ҳангоми пайдо шудани ягон нишона сари вақт ба табибон муроҷиат намоянд. Вобаста ба омилҳои гирифторшавию пешгирии бемории мазкур хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини директор оид ба корҳои илмӣ дар Муассисаи давлати Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ, номзади илмҳои тиб Заробиддин БАРОТОВ суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Саратон чӣ гуна маризист ва чаро онро дар ҷаҳон бемории рақами дуюм меноманд?

З. Баротов: Саратоншиносӣ худ як соҳаи мустақили илми тиб буда, сабабҳои беморӣ, омилҳои гирифторӣ, ҷараёни беморӣ, ташхису табобат ва бақайдгирии беморро меомӯзад. Бемории саратон якчанд намуд дорад. Бояд зикр намуд, ки омосҳо ду намуд мешаванд- хушсифат ва бадсифат. Дар навбати худ омосҳои бадсифат вобаста ба он ки аз кадом бофтаҳо пайдо мешаванд, боз ба навъҳои дигар тақсим мешаванд.  Имрӯз бемории саратон дар ҷаҳон баъд аз бемориҳои системаи дилу рагҳо дар ҷойи дуюм меистад.

АМИТ «Ховар»: Имрӯзҳо раванди гирифторӣ ба бемории мазкур чӣ гуна аст- он кам мешавад ё дар ҳоли афзоиш аст?

З. Баротов: Зиёд шудани аҳолии кураи Замин ва дарозумрӣ имрӯзҳо яке аз омилҳои бисёр ба қайд гирифта шудани ин беморӣ гардидааст. Дар баробари ин омилҳои дигар низ мавҷуданд. Раванди ин беморӣ дар ҷаҳон як хел намеистад ва ҳоло омори гирифторӣ ба он  дигаргуна аст. Аммо дар ҷаҳон ҳолатҳои гирифтор шудани занон ба бемории саратон бештар ба назар мерасанд.

АМИТ «Ховар»: Сабаб дар чист, ки ин беморӣ миёни занон меафзояд?

З. Баротов: Сабабҳои асосии гирифторӣ ба ин беморӣ тарзи ҳаёти танзимнашаванда, ҳолатҳои зиёди асабонишавӣ, ғизо, муҳити зист, ирсӣ будани он ва дигар омилҳоянд, ки дар занҳои мо ин ҳолатҳо бештар дида мешаванд. Дар Тоҷикистон низ  ба монанди дигар давлатҳо навъи саратони гарданаки бачадон ва ғадуди ширӣ дар занон бештар ба назар мерасад. Яке аз омилҳои гирифтор шудани занон ба саратони гарданаки бачадон ва саратони ғадуди ширӣ — ин номувозинатии ҳормонҳои бадани занон мебошад. Дар натиҷа дар ҳамин узвҳо мубодилаи моддаҳо ба дигар навъ сурат гирифта, занон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд.  Табибон маслиҳат медиҳанд, ки барои пешгирии беморӣ тарзи ҳаёти солимро пеша намуда, сари вақт аз муоинаи нақшавӣ гузаштан зарур аст.

Инҷо мо дар бораи занон гуфтем, вале мардон низ истисно нестанд. Агар дар маҷмӯъ гирем, дар ҷаҳон саратони шуш дар байни мардон дар ҷойи аввал меистад. Инчунин навъҳои саратони масона, рӯда ва меъда бештар вомехӯранд.

Аз таҳлили олимон бармеяд, ки яке аз омилҳои гирифторӣ ба саратони  меъда ва сурхрӯда- ин истеъмоли хӯрокҳои зудтайёр мебошад, ки ин ҳолат дар даҳсолаи охир дар Тоҷикистон низ зиёд ба назар мерасад.

АМИТ «Ховар»: Имрӯзҳо миёни кӯдакон низ бемории саратон мушоҳида мешавад. Омили гирифтории кӯдакон ба бемории саратонро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

З. Баротов: Дар кӯдакон бемориҳои системавӣ бештар дида мешаванд, ки миёни онҳо гурӯҳи омосҳои лимфома ё гематосаркома дар ҷойи якум меистад. Дар ин бемориҳо асосан гиреҳҳои лимфагӣ ба  бадан ирсол шуда, боиси пайдоиши омос мешаванд ва он бе натиҷа намонда, ба устухон ва дигар узвҳои бадан таъсир мерасонад. Инчунин кӯдакон ба дигар намуди ин беморӣ гирифтор мешаванд. Ё вақте ки кӯдак таваллуд мешавад, дар баданаш бемории саратон мушоҳида мешавад. Ин навъи беморӣ боз ба дигар намудҳо ҷудо мешавад, ки онро саратони модарзодӣ мегӯянд. Дар баъзе ҳолатҳо ин беморӣ  давоми ҳаёти кӯдакон пайдо мешавад.

АМИТ «Ховар»: Тавре маълум аст, дар беморон асосан ду намуди саратон мушоҳида мешавад — саратони марҳилаи сабук ва вазнин. Ҳаминро шарҳ диҳед.

З. Баротов:  Ҳангоми гирифтор шудан ба бемории саратон шахс бояд зуд ба мутахассисони ин соҳа муроҷиат намояд ва ба табобат машғул шавад. Зеро ҳангоми дар марҳилаи сабук ҷараён доштани ин беморӣ табобат осон ва пешгирӣ намудани он мумкин аст. Аммо дар ҳолати ба саратони марҳилаи вазнин гирифтор шудан ҳам беморон ва ҳам табибон ба мушкилиҳо дучор мешаванд. Аз ин рӯ, хеле хуб мешавад, ки беморон сари вақт ба мо, табибон муроҷиат намоянд. Хусусан занон бояд ҳар шаш моҳ аз ташхиси табибони ин соҳа гузаранд. Зеро дар ин ҳолат табобат осон буда, бемориро бе мушкилӣ метавон паси сар кард.

АМИТ «Ховар»: Бемории саратонро бо кадом роҳҳо метавон пешгирӣ ё табобат кард?

З. Баротов: Тибқи стандартҳои мавҷуда, бемориҳои саратонӣ на танҳо бо доруворӣ табобат карда мешаванд, балки мувофиқ ба ҳар бемор чанд намуди табобат мавҷуд низ аст. Тибқи стандарти байналмилалии табобати саратон ва риояи ин меъёру санадҳо, беморон бо ҷарроҳӣ, табобати нурӣ, кимиёдармонӣ ва дигар намуд табобат карда мешаванд. Имрӯзҳо дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ бемории саратон бо тамоми намудҳо табобат карда мешавад. Чанд сол қабл беморон барои табобат ва пешгирии он ба хориҷа сафар мекарданд. Хушбахтона, имрӯз  бо шарофати кумакҳои давлат ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми таҷҳизоти зарурии табобати ин беморӣ  дар марказ мавҷуд аст.

АМИТ «Ховар»:  Шумо ҳамчун мутахассиси соҳа ба беморон барои пешгирӣ чӣ тавсия медиҳед?

З. Баротов: Барои пешгирии ин беморӣ, одамон бояд пеш аз ҳама, ғизоҳои фоиданок истеъмол намуда, аз омилҳои зараровар даст кашанд. Бештари вақти худро дар ҳавои тоза гузаронида, ба варзиш машғул шаванд. Ҳамзамон сари вақт ба табибон муроҷиат намуда, аз ташхис гузаранд.

Дар хатми суҳбат бори дигар ёдовар мешавам, ки ҳар инсон бояд ҳаёти солим пеш бурда, ҳатман, агар бемор ҳам набошад, дар як сол ду маротиба аз муоинаи тиббӣ гузарад. Сари вақт муайян кардани омоси бадсифат ва табобати он сабаби саломатии инсон мегардад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз ва муаллиф

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 963
  • 1,242
  • 949,983