Имсол Дарси сулҳ бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ баргузор мегардад

Имсол Дарси сулҳ бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ баргузор мегардад
Август 28
06:57 2018

Имсол Дарси сулҳро, ки чун анъана дар тамоми мактабҳои Тоҷикистон сурат мегирад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегузаронанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон   хабар доданд.

Ба иттилои дастрас, Дарси сулҳ дар Рӯзи дониш бо иштироки Сарвари давлат дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки дар он Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино иштирок менамоянд, гузаронида мешавад.

«Дар соли хониши 2018-2019 занги аввал барои тақрибан 240 ҳазор нафар хонандагони синфи як садо медиҳад. Соли гузашта ин шумора 235 ҳазор нафарро ташкил медод», — гуфт манбаъ.

Дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ 3870 мактаб фаъолият мекунад, ки дар онҳо 1 млн. 906 ҳазору 304 нафар хонандагон таҳсил менамоянд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 973
  • 1,242
  • 949,993