Бо мақсади таъмини сатҳи сиҳатии сокинон ва пешгирии гирифторшавии аҳолӣ ба маризиву бемориҳои мухталиф, инчунин баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа санаи 06 августи соли равон “Корвони саломати”-и навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сафарбар карда шуд.
Аз рӯи барнома “Корвони саломатӣ” то ба санаи 09 августи соли ҷорӣ ба аҳолии вилоят хизмати ройгони тиббӣ расона, он дар доираи татбиқи ҳадафҳои бунёдии барномаи «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрсироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2023» роҳандозӣ гардидааст.
“Корвони саломати”-ро Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, дар кори он сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, устодони баландпояи муассисаҳои олии таълимии тиббии ҷумҳуриявӣ ва дигар мутахассисони ботаҷрибаи муассисаҳои ташхисиву табобатӣ сафарбар карда шудаанд.
«Корвони саломатӣ» ба зиёда аз 3000 нафар сокинон, хизмати ройгони тиббӣ расонида, он дар 3 самт – дар самти аввал ба мардуми шаҳру ноҳияҳои Мурғоб, самти дуюм- Дарвоз, Ванҷ, Рушон ва самти сеюм Хоруғ, Ишкошим, Шуғнон хизмати ройгони тиббӣ мерасонанд.
Маврид ба зикр аст, ки “Корвони саломатӣ” таҳти шиорӣ “Аз ташхиси вируси норасоии масъунияти одам “ВНМО” гузар, аз солимии худ огоҳ бош” баргузор гардид.
Дар рафти баргузории “Корвони саломатӣ” Насим Олимзода ба аҳолии вилоят, нақлиёти Флюогрофияи рақамии сайёр, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ гардидааст, тақдим намуда, ба кулли сокинони он тансиҳатӣ ва солимии комилро таманно кард.
Гуфта мешавад ин таҷҳизоти рақамии рентгенӣ нисбат ба таҷҳизоти қаблӣ бартарии зиёд дорад. Таъсири нурҳои рентгенӣ ба узвҳои бадани инсон 90 фоиз кам гардида, бемор метавонад дар як сол чанд маротиба аз рентген гузарад. Муҳлати ташхис бошад ҳамагӣ чанд сонияро дар бар мегирад ва сатҳи сифати тасвир низ баланд мебошад.
Дар баробари ташхису табобати ройгон, инчунин «Корвони саломатӣ» барои ниёзмандон «Гӯшаи гиёҳдармонӣ» ташкил намуд.
Ин навбат “Корвони саломатӣ” ба Бадахшон бо дастовез сафарбар гардид
Август 13
10:48
2018