Ирсияти таърихии тибби тоҷик

Ирсияти таърихии тибби тоҷик
Сентябр 10
12:39 2022

Дар марҳалаи ҳозираи инкишофииҷтимоёти ҷомеъаи тоҷик мо шоҳиди рӯ ба тараққӣ ниҳодани он гаштаем. Аз ҷумла, дар соҳаи нигоҳдории тандурустӣ ҳам дастовардҳои назаррасе дида мешаванд.

Дар мамлакат эълон шудани солҳои 2022 – 2026 солҳои рушди саноат таконбахши инкишофи ҷомеъаи мо гашта, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ бе таъсир намемонад.

Ин иқдом сабаби сохтмони даҳҳо биноҳои нави тиббӣ, бунёди корхонаҳои дорусозӣ, воридшавии технологияи ташхисиву табобатӣ, роботикунонии амалиётҳои ҷарроҳӣ ва дигар навовариҳо шуда, сатҳи хизматрасонии тиббиву  санитарии мардумро беҳтар хоҳад намуд. Барои амалӣ шудани ин ниятҳо дар кишвари мо ҳам иқтидори зеҳниву ҳам иқтидори иҷтимоӣ вуҷуд дорад. Ба ғайр аз ин сифати табибӣ дар ирсияти миллати мо ҷо дошта, барои бедор кардани он иттилооти тиббии муосир басанда аст. Ин сифат нерӯест, ки аз пушти ниёгонамон ба миллати мо боқӣ мондааст. Тоҷик табибмиҷоз аст.
Ёдовар мешавем, ки тибби тоҷик дар дар инкишофи таърихии тибби ҷаҳонӣ мақоми арзандае дорад. Дар давраи нумӯъи ориёиҳо  асосгузорони аввалин дорухонаҳо, беморхонаҳо ва табибони тахассусӣ мардуми мо буданд. Аввалин Академия дар дунё академияи Ганҷи Шопур буд. Китоби “Қонуни тиб” – и Абӯалӣ ибни Сино 700 сол адабиёти тиббии рӯи мизии табибони Аврупо буд.
Дар замони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибби тоҷик 3 давраро аз сар гузаронидааст. Давраи аввал ба нигоҳ доштани сохтори системаи тиб ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ, ба монанди домана рост омад. Давраи дуввум ба бозсозии системаи тибби тоҷик равона шуда буд. Дар давраи саввум бошад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ системаи тибби тоҷикро фаъол намуда, онро ба қисме аз системаи тибби ҷаҳонӣ мубаддал гардонд.

Акнун чаҳорум давраи инкишофи тибби тоҷик рафта истодааст. Дар ин давра лозим омадааст, ки системаи тиб ба талаботҳои тибби ҷаҳонӣ рост ояд. Барои ин усулҳои нави ҳамоҳангшавӣ ва идораи равандҳои ҷаҳонишавӣ коркард шуда истодаанд.

Хурӯҷи пандемияи бемории сироятии COVID – 19 дар дунё кишвари Тоҷикистонро ҳам дар канор нагузошт, вале стратегия ва тактикаи дурусти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, ки  мувофиқи талаботи ин зуҳурот буд, тавонист муқобили ин бемории сироятӣ системаи хуби коркардшударо гузорад ва мардуми кишвар камтар осеб бинанд. Гардиши хона ба хона барои дарёфти беморон, изолятсияи саривақтии алоқамандон, фарогирии одамони беморшуда ба табобат ва эмгузаронии умумии мардум бо вояҳои зидди бемории сироятии COVID – 19, ҳамаи ин чорабиниҳо сабаби паст шудани зиёни ин беморӣ гашта, сари вақт равиши он ба сатҳи идорашаванда оварда шуд.
Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон қайд кардаанд: “Саломатии миллат бойгарии давлат аст”. Дар ҳақиқат одами солим нерӯи созандаи ҷисмонӣ, эҳсосоти мусбат ва андешаҳои солим дорад. Чунин шахсият сабаби пешравии ҷомеъа шуда, сарвати моддӣ ва зеҳнии онро зиёд мегардонад. Вазорати тандурустӣ бо ҳамбастагӣ бо дигар соҳаҳои иҷтимоӣ дар нигоҳ доштани ҳолати саломатии шаҳрвандон ва ташаккули шахсияти солим нақши муҳим мебозад. Инфрасохтори нигоҳдории тандурустии вазорат, ки имрӯз фаъолият мекунад тамоми сарзамини кишварро фаро гирифта, ҳатто ноҳияҳо ва рустоҳои дурдастро низ хизмати тиббӣ мерасонад. Ин муваффақияти бузургест дар самти соҳаи тандурустии мамлакат.
Чунин ташкили дурусти системаи хизматрасонии тиббиву санитарӣ имкон додааст, ки ҳолати саломатии мардум идорашаванда бошад ва онро ба самти беҳтар равона созад.
Пайи дарҳам дастовардҳо ва имконотҳои тибби тоҷик ба шуури ҷомеъаи мутаммадини мо пешниҳод шуда, аз тарафи аҳолӣ дуруст истифода бурда хоҳанд шуд, ки ин маърифати тиббии мардумро баланд бардошта, сари вақт хизматрасонии тиббӣ мегиранд ва дар солимии ҷомеъа саҳми худро мегузоранд. Миллат бо яке аз чунин усулҳо солимии худро нигоҳ медорад.

Дар давраи чаҳоруми инкишофи тибби тоҷик масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ идоракунии системаи тиббиро ба шакли электронӣ гузаронида, тамоми зерсохторҳои вазоратро бо усули истифода аз имконотҳои интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ идора мекунад. Ба ғайр аз ин дар ташхису табобат методи муосири “телетиб” ба роҳ монда шуда, ҳар нафари бемори аз марказ дурро мутахассисони варзидаи тиб машварат медиҳанд ва дар баробари ин муоина, ташхис ва муолиҷа мекунанд. Ҳатто амалиётҳои  ҷарроҳиро мегузаронанд, ки дар он баъзан мутахассисони тибби хориҷӣ ҳам иштирок менамоянд. Ҳамаи ин сатҳи дониши кормандони тибро баланд бардошта, мубодилаи таҷриба бо мутахассисони соҳаи тибби берун аз кишвар мегардад.

Фаъол будани кори кормандони вазорати тандурустӣ ва табибони кишвар бе баҳодиҳӣ аз тарафи ҷомеъа намондааст. Мардум ғамхории давлат ва кормандони тибро дар нигоҳдории тандурустӣ дида, нуқтаи назари худро     самти мусбат дода истодаанд.

Ба наздикӣ бо супориши маъмурияти БМШ  ва ШМ КАТС – и шаҳри Ҳисор кормандони МТТҲС – и шаҳри Ҳисор оид ба ризоят аз хизматрасонии  кормандони тиб ва муайян кардани сатҳи маърифатнокии тиббии аҳолии шаҳр пурсиши иҷтимоӣ гузарониданд. Ҳамагӣ 333 нафар раҳгузар бо 3 савол пурсида шуданд:
1. Аз хизматрасонии кормандони тиб розӣ ҳастед?
2. Саҳми кормандони тибро дар пешгирӣ аз бемории сироятии  COVID – 19 чанд баҳо медиҳед? (аз 1 то 5 балл).
3. Шумо дар нигоҳдории саломатии худ ва наздиконатон масъулият ҳис мекунед?
Дар ҷавоби саволи якум 299 нафар розӣ (89,8%), 34 нафар норизо (10,2%).
Нисбати саволи дуввум 5 нафар ҳеҷ чиз гуфтан натавонистанд (1,5%), 9 нафар бад (2,7%), 70 нафар миёна баҳо доданд (21%), 119 нафар хуб (35, 7%) ва 130 каси дигар аъло (39%) баҳогузорӣ намуданд.

Нисбати саволи саввум 317 нафар (95,1%) масъулияти саломатиро  бошуурона ҳис мекунанд, 16 нафар (4,9%) бошад  нисбати тандурустии худ ва наздиконашон бемасъулиятиро изҳор  намуданд.

Иҷтимоёшиносон чунин баҳодиҳии воқеиро дар пурзӯр шудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум аз тарафи кормандони тиб бо ВАО, гардиши хонабахонаи табибони оилавӣ, шабонарӯзӣ дар табобати беморон қарор доштани табибон, аз тарафи вазорат қабул намудани шаҳрвандон, кӯмаки ройгони тиббии  камбизоатон ва маъюбон, басанда будани иттилооти тиббӣ дар шуури ҷомеъа, дастрасии адабиёти тиббӣ бо забони тоҷикӣ дар дохили интернет, фаъолияти телефонҳои боварӣ, беҳтар шудани муносибатҳои деонтологии тиббии табибон ва дигар омилҳои мусбӣ мебинанд.

Маҳмуд Кабир,

Роҳбари муассисаи КАТС-и шаҳри Ҳисор

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 42
  • 485
  • 1,242
  • 949,505