Исфара: Кормандони пешқадами кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд

Исфара: Кормандони пешқадами кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд
Июл 10
07:39 2020

Бо мақсади дидорбинӣ ва баёни арзи сипос барои меҳнати софдилона, фаъолияти пурмаҳсул ва ранҷу заҳмати беандозаи шабонарӯзии кормандони соҳаҳои тандурустии шаҳр дар марҳилаи ҳассоси паҳншавии бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода аз Маркази саломатии шаҳр дидан намуда, бо кормандони Хадамоти Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ суҳбату мулоқоти самимӣ доир намуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба moh.tj иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, зимни суханронӣ шаҳрдори Исфара аз ҷумла изҳор дошт, ки “ба шарофати иҷрои саривақтии дастуру вазифагузориҳои Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳмати сангини шабонарӯзии кормандони соҳаи ҳифзи сиҳатии омма мо тавонистем, ки қатъи назар аз мушкилоти мавҷуда бехатариии санитарию эпидемиологӣ ва солимии ҷомеаро дар шаҳри Исфара таъмин кунем, ба туфайли муборизаи дастҷамъонаи халқамон як марҳалаи ҳассоси хурӯҷи ин хатару вабои ҳамагирро паси сар намоем. Давоми чанд моҳи сипаригашта кормандони соҳаи тандурустии шаҳр-Беморхонаи марказӣ, Хадамоти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Маркази давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ ҳамеша дар ҳолати омодабош ва дар хати сурхи мубориза бо ин вабои ҳамагир қарор доштанд, якҷоя корҳои зиёди зиддиэпидемиявӣ ва фаҳмондадиҳию мафкуравиро анҷом додаанд”.

Раиси шаҳр Акрам Сулаймонзода бо баробари арзи миннатдорӣ ба ҳайати 964 нафараи Муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр, аз ҷумла 176 нафар табибон ва 603 нафар кормандони миёнасоҳаи тиб, ки таҳти сарварии менеҷери хадамоти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ Маъруфҷон Тӯраев фаъолияти босамар доранд, аз паҳн гардидани мавҷи дуюми коронавируси нави КОВИД – 19 дар кишварҳои ҳамсоя, алалхусус дар ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон зиёд шудани гирифторони ин беморӣ ёдовар гардида, пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирусро муҳимтарин масъалаи рӯз номид. Дар рафти мулоқот кормандони пешқадами хадамоти кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру деҳоти Исфара бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии раиси шаҳр ва роҳбарияти Хадамоти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар анҷом сардори Хадамоти кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр Маъруфҷон Тӯраев барои ғамхории пайваста дар ҳаққи кормандони соҳаи тандурустӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр миннатдорӣ арз намуда, аз номи ҳамкасбонаш ваъда дод, ки пизишклони КАТС минбаъд низ рисолати муқаддаси касбии худро дар сатҳи шоиста ба ҷо меоранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 698
  • 1,242
  • 949,718