Иштирок дар 68-умин конференсияи солонаи байналмилалии илмӣ-амалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Иштирок дар 68-умин конференсияи солонаи байналмилалии илмӣ-амалии  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Ноябр 27
14:17 2020

27 ноябри соли равон 68-умин конференсияи солонаи байналмилалии илмӣ-амалии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  ба номи Абӯалӣ ибни Сино» дар мавзӯи «Заминаҳои бунёдии рушди инноватсионии илм ва таълим» бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба тариқи фосилавӣ доир гардид.

Дар ҷаласаи пленарии конференсия бо сухани табрикотӣ ва ифтитоҳӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, ректори Муассисаи давлатии таълимии  “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” Маҳмадшоҳ Гулзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фарҳод Раҳимӣ, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоқикистон Диловар Қодирзода ва дигар олимони ватаниву хориҷӣ баромад карданд.

Ҳамзамон, дар кори конференсия  меҳмонон аз  кишварҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Беларусия, Германия, Озорбойҷон, Украина ва ИМА ба тариқи онлайн ширкат варзиданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни суханронии хеш баргузории Конфронси илмӣ-амалии мазкурро дар солҳои охир як навъ ҷамъбасти фаъолияти илмии олимон ва донишмандони соҳаи тандурустии мамлакат арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба натиҷагирии он ҳамчун василаи асосии дарёфти роҳу усулҳои нави табобат ва пешгирии бемориҳои нав ва беҳтар намудани вазъи солимии аҳолӣ диққат ва эътибори махсус медиҳад.

“Бояд эътироф кард, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино солҳои охир таҳаввулоту дигаргуниҳои зиёдеро пасисар кард, ки мақсад аз онҳо боз ҳам беҳтар намудани шароити кору таҳсил, потенсиали кадрии донишгоҳ ва ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ  гардонидани низоми таҳсилот мебошад”,-афзуд номбуда.

Дар конференсия дастовардҳои олимони маъруфи Тоҷикистон ва олимони шинохтаи кишварҳои ҳориҷӣ ба доираи васеи иштирокчиён пешниҳод гардида, масоили тадқиқоти фундаменталӣ ва амалӣ дар тиб,  дастовардҳои соҳаҳои мухталифи илми тиб, технологияи муосиру инноватсионӣ дар тибби назарӣ ва клиникӣ, татбиқи  дастовардҳои навини илмӣ дар раванди таҳсилоти олии тиббӣ баррасӣ карда шуданд.

Мавзӯъҳои мубрами банақшагирифта дар ҷаласаи  пленарӣ, ҷаласаҳои сексияҳои равиявӣ, Симпозиумҳои «ВНМО/БПНМ  ва масъалаҳои мубрами микробиология, иммунология ва вирусология», Физиологияи нормалӣ» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамин тавр, дар кори конференсия 188 маърӯзаҳои илмии олимон баррасӣ гардиданд, ки аз он 71 маърӯза аз олимони кишварҳои хориҷии дуру наздик ворид шудааст.

Маводҳои конференсияи мазкур дар ду ҷилд ба табъ расидаанд, ки аз 1107 мақолаи илмӣ,  310 мақолаи он аз олимони кишварҳои хориҷӣ мебошанд.

Дар хотимаи конференсия Резолютсия қабул карда шуд, ки он барои ворид намудани дастовардҳои олимони ҷаҳонӣ ва ватанӣ ба амалияи илми тиб, пешрафти соҳаи тандурустӣ ва солимгардонии ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 672
  • 1,242
  • 949,692