Иштирок дар ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Иштирок дар ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Феврал 23
16:54 2024

Имрӯз, 23-юми феврали соли равон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед, намояндагони Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, аҳли адаб ва доираи васеи афсарону сарбозон иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед зимни баромади хеш аз номи роҳбарияти вазорат кулли афсарону сарбозон ва тамоми кормандони Артиши миллии мамлакатро ба ифтихори санаи фархундаи 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, барояшон дар иҷрои вазифаи пуршарафи ҳифзи марзу буми Ватани азизамон барору муваффақият таманно  кард.

Ҳамзамон нобурда аснои суханронии хеш иброз дошт, ки  Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат дар як давраи ниҳоят ҳассос арзи вуҷуд намуда, дар муддати начандон тӯлонӣ аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, такомул ва обутоб ёфт. Ҳоло Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун неруи тавоно ва муҷаҳҳаз  амнияти давлат ва осоиши онро таъмин менамояд.

Гуфта шуд, ки воқеан ҳам ҳимояи марзу буми мамлакат бар уҳдаи сарбозони далер ва шуҷои Ватан мебошад ва хушбахтона, ин масъулият ва вазифаи худро фарзандони меҳандӯсти давлат, сарбозони далери Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона иҷро мекунанд. Ин шаҳодат аз неруи бузург ва тарбияи баланди касбиву маҳорати афсарону аскарони Артиши миллӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии худ ба ифтихори Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат иброз дошта буданд ки “мо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии мамлакат, яъне дар рӯзҳое, ки кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик воқеан ба миён омада буд, таъсис додем”.

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон бо сарбаландӣ ва саодати комил аз суботу осоиштагии мамлакат меболанд, ки дар ин ҷода хизмати сарбозони далери Ватан ва афсарони шуҷои Артиши миллӣ басо бузург мебошад.

Барои ҳамкорӣ ва саҳмгузорӣ дар баргузории ҳамоиши мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи зиҷтимоии аҳолӣ Ифтихорнома тақдим карда шуд.

Пешниҳоди барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи мамлакат идомабахши ин ҳамоиши идона буд

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 694
  • 1,242
  • 949,714