Иштироки намояндаи вазорат дар 46-ум Конгресси байналмилалӣ оид ба ғизои клиникӣ ва мубодилаи моддаҳо дар шаҳри Милан

Иштироки намояндаи  вазорат дар 46-ум Конгресси байналмилалӣ оид ба ғизои клиникӣ ва мубодилаи моддаҳо дар шаҳри Милан
Сентябр 10
14:57 2024

Аз 7 то 10-уми сентябри соли равон дар шаҳри Милани Ҷумҳурии Италия 46-ум Конгресси байналмилалӣ оид ба ғизои клиникӣ ва мубодилаи моддаҳо баргузор гардид, ки дар он мутахассисони соҳаи ғизо аз як қатор кишварҳои олам иштирок намуданд.

Дар ин чорабинии сатҳи баланд сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ғизо Нушервони Билол иштирок  ва дар мавзӯи “Беҳтар намудани идоракунии норасоии ғизо ҳангоми маҳдудияти захираҳо: баланд бардоштани иқтидорӣ кадрӣ оид ба ғизо”  баромад кард.

Нушервони Билол дар баромади худ таъкид намуд, ки дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон сол то сол нишондиҳандаи камғизоӣ коҳиш ёфта, мушкилотҳои дигари соҳаи ғизо, аз ҷумла боло рафтани нишондиҳандаҳои бемориҳои ғайрисироятии вобаста ба ғизо, ба монанди фарбеҳӣ, диабети қанд, бемориҳои ишемияи дил ва баъзе навъҳои саратон нигаронкунанда мебошанд.

Бо назардошти муҳимияти масъала, номбурда дар идомаи баромади худ омода намудани мутахассисони ботаҷрибаро дар дохил ва хориҷи кишвар ҷиҳати омӯзиши масъалаҳои вобаста ба ғизои аҳолӣ ва бемориҳои вобаста ба он муҳим арзёби намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 655
  • 1,494
  • 1,028,704