Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент
Март 28
20:00 2018

Шоми рӯзи 28 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва дар симои онҳо кулли мардуми меҳнатқарини мамлакат ва шаҳри Панҷакентро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки наврӯзи имсола аз он ҷиҳат барои мардуми шарифи Тоҷикистон хотирмону таърихист, ки маҳз дар рӯзҳои фарорасии наврӯзи ҷаҳонӣ аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид ташаббуси наву ҷаҳонии Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” расман оғоз гардид. Ин чорумин иқдоми Тоҷикистон аст, ки давоми даҳ соли оянда бар нафъи аҳли башар татбиқ мегардад.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳои мардуми Панҷакент ёдовар шуда, ҳамаи онро аз баракати ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ арзёбӣ карданд.

Изҳори умед намуданд, ки минбаъд низ мардуми шаҳри Панҷакент бо кору пайкори созанда барои шукуфоии диёри хеш ва болоравии нуфузи кишвар дар арсаи олам ҷаҳду талош меварзанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи иштирокчиёни базми наврӯзро бо ҷашни бошукуҳи баҳору зебоӣ табрику таҳният гуфтанд.

Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори баҳору наврӯзи хуҷастапай бо иштироки устодони санъати тоҷик, ҳунармандону санъаткорони вилоят ва шаҳри Панҷакент ва бо барномаи театрикунонидашудаи тараннумгари фарҳанги наврӯзӣ аҷам хеле бошукуҳ ва хотирмон баргузор гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 617
  • 1,242
  • 949,637