Имрӯз, 17 феврали соли равон бо ташаббуси Директори минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар Аврупо ҷаноби Ҳанс Ҳенри Клюге брифинги онлайнӣ вобаста ба таҳлили вазъи бемории коронавируси нави COVID-19 дар як қатор кишварҳо доир гардид, ки дар он намояндагони вазоратҳои тандурустии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок намуданд. Аз ҷониби Тоҷикистон дар брифинги онлайнӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода ва намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар ҷаласа вазъи феълии бемории коронавирус дар кишварҳои зикргардида мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва табобати бемории мазкур иброз намуданд.
Ёдовар мешавем, ки тайи рӯзҳои охир дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи нави бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Аммо, новобаста ба ин, аз сокинони мамлакат даъват ба амал оварда мешавад, ки қоидаҳои пешгирии бемории мазкурро қатъиян риоя намоянд.