Иштироки табибони тоҷик дар Конгресси байналмилалии DEBRA-2021

Иштироки табибони тоҷик дар Конгресси байналмилалии DEBRA-2021
Сентябр 29
09:57 2021

Аз 16 то 19 сентябри соли равон Конгресси байналмилалии DEBRA-2021  ба тариқи онлайн – омӯзиш баргузор гардид. Ин Конгресс бо ибтикори фонди хайриявии россиягии ” Дети- Бабочки ” доир шуд.

Ассотсиатсияи дерматовенерологҳо ва косметологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Музаффар Ҳомидов аз моҳи ноябри соли 2019 лоиҳаи ” Кӯдакон- шапаракҳо”- ро бо фонди ” Дети бабочки”-и Россия ҳамроҳӣ мекунад.

Дар Конгресси мазкур зиёда аз 250 табибон – дерматовенерологҳои Тоҷикистон ва беморони  эпидермолизи буллезӣ  бо  пайвандонашон иштирок варзиданд.

Дар ин Конгресс дотсенти кафедраи дерматовенерологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  ба номи Абӯалӣ ибни Сино Абдиева Дилбар дар мавзӯъи эпидермолизи буллезӣ  бо забони англисӣ суханронӣ кард.

Қайд кардан зарур аст, ки ин Конгресс тамоми ҷабҳаҳои фаъолиятро нисбати бемории эпидермолизи буллезиро дар бар гирифт, аз ҷумла нисбати ташкилии кор, пешгирӣ,  ташхис,  табобат, реабилитатсия ва дигар самтҳои кӯмак ба  беморон,  ҳамзамон бисёр маълумоти нав пешкаш гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 693
  • 1,242
  • 949,713