Ислоҳи камбудиҳо – омили пешрафт

Ислоҳи камбудиҳо – омили пешрафт
Май 21
14:43 2019

Рӯзи 21-уми май ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои актуалии соҳа таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Азиз Одиназода доир гардид.

Дар кори ҷаласа намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазир Мирҳамуддин Камолзода ва Шодихон Ҷамшед, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холов, сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ва роҳбарони як қатор марказҳои ҷумҳуриявӣ ширкат доштанд.

Азиз Одиназода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, мухтасар роҷеъ ба мавзӯъҳои ҷаласа суханронӣ намуд.

Пасон корманди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Маҳмудзода маърӯза намуда, вобаста ба тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми қабули беморон аз хориҷ, ки барои пайвандсозии узвҳо ба Тоҷикистон меоянд, андешаҳояшро баён кард ва пешниҳоду тавсияҳояшро ба самъи ҳозирон расонид.

Сипас сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурастӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Хуршед Қунғуротов дар бораи таҳлили вазъи бемориҳои рӯҳӣ дар ҷумҳурӣ, таҳлили ҳолатҳои худкушӣ батафсил суҳбат намуда, пешниҳод намуд, ки пешгирии худкушӣ дар байни ҷавонон тавассути табибони оилавӣ ва равоншиносон пурзӯр карда шуда, омилҳои он мушаххас омӯхта шаванд. Дар аксари ҳолатҳо шахсоне ба худкушӣ даст задаанд, ки ягон намуди бемории рӯҳӣ дар онҳо ба қайд гирифта нашудааст. Ӯ ҳамчунин пешниҳодоти худро оид ба беҳтар намудани ин самти соҳаи тандурустӣ  баён дошт ва иброз намуд, ки барои қабулу табобати ҳаматарафаи беморон бояд дар ояндаи наздик чандин муассиса бунёд ва бо мутахассисони соҳавӣ  беморхонаҳо таъмин карда шаванд.

Ҳамчунин Зоир Набиев,  сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба вазъи хизматрасонии тиббӣ дар шӯъбаҳои наҷоти кӯдаконаи беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳисобот дод.

Пешниҳод гардид, ки аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таълимии тиббӣ ба шӯъбаҳои эҳёгарии кӯдаконае, ки к ба мутахассисони беҳискунандаи кӯдакон ниёз доранд, барои кори доимӣ фиристода шаванд.

Масъалаи дигари ҷаласа ҷамъбасти мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 ва омодагии муассисаҳои табобатию профилактикӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар ташкилоту идораҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 буд, ки дар ин мавзӯъ Саидалӣ Ҳафизов, сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат баромад намуд. Гуфта шуд, ки 10 фоизи захираи ангишти солҳои 2018-2019 сарфа гардида, барои солҳои 2019-2020 самаранок истифода бурда хоҳанд шуд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед дар бораи натиҷаҳои назорати рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013, №146 вобаста ба санҷиши дурустии додани варақаҳои корношоямӣ ва муоинаи тиббию иҷтимоии маъюбон дар муассисаҳои КАТС ва беморхонавӣ маърӯза кард.

Ӯ аз ҷумла таъкид намуд, ки бояд диққати табибон махсусан ба тартиб ва ҳолати додани варақаҳои корношоямӣ ҷалб карда шуда, ҳангоми додани варақаи мазкур ба саҳлангорӣ набояд роҳ дода шавад.

Аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Азиз Одиназода ба роҳбарони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, инчунин роҳбарони марказҳо вобаста ба ислоҳи вазъ супоришҳои мушаххас  дода шуда, пешниҳод намудани ҳисоботро аз рафти корҳое, ки анҷом дода мешаванд, талаб намуд.

Дар охир барои рафъи камбудиҳо ва  беҳтар сохтани вазъи самтҳои баррасишудаи тандурустӣ қарорҳои дахлдори ҳайати мушовара қабул  гардида, барои иҷроиши онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 744
  • 1,242
  • 949,764