Ҳисор: Зулфия Абдусаматзода бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ шинос шуда, ҳамзамон қабули сайёри шаҳрвандон доир намуд

Ҳисор: Зулфия Абдусаматзода бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ шинос шуда, ҳамзамон қабули сайёри шаҳрвандон доир намуд
Июн 25
11:48 2022

Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона сохта, ҷиҳати шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва суҳбати озоду ошкоро анҷом додан бо шаҳрвандон доир ба сатҳ хизматрасонии тиббӣ  гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.

Дар доираи ин иқдом имрӯз, 25 июни соли равон бо мақсади суҳбати озоду ошкоро анҷом додан бо шаҳрвандон ва расидагӣ намудан ба масъалаву мушкилоти онҳо доир ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тибқи супориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Зулфия Абдусаматзода ба шаҳри Ҳисор сафар намуда, бо фаъолияти Беморхонаи марказӣ ва Маркази  саломатии шаҳри мазкур шинос шуд.

Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ номбурда қабули сайёри шаҳрвандон доир намуда, бо онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом дод.

Баъд аз шунидани муроҷиати шаҳрвандон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои эшон аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба масъулини тандурустии шаҳри Ҳисор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки  дар сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ яке аз самтҳои муҳим ба шумор рафта, ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи фаъолият барои табибони кишвар имрӯзҳо дар муассисаҳои тандурустӣ шароит ва имконоти мусоид муҳайё карда шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 33
  • 778
  • 1,242
  • 949,798