Истеҳсоли маҳлулҳои антисептикӣ дар Донишгоҳи тиббӣ

Истеҳсоли маҳлулҳои антисептикӣ дар Донишгоҳи тиббӣ
Май 16
09:04 2020

Бо мақсади мубориза ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сироятии коронавируси COVID-19, бо иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»-и донишгоҳи мазкур истеҳсоли маҳлулҳои антисептикии тамиз кардани дастон «Лавандол» ва «Глисэп» ба роҳ монда шудааст.

Истеҳсоли маҳлули антисептикии «Лавандол» дар асоси Сертификати мутобиқати силсилаи TJT, №0993695-и КВД «ЭОМФТ»-и Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз 29 апрели соли 2020 дар Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»-и донишгоҳ ба роҳ монда шуда, аз спирти 700 ва равғани лаванда иборат мебошад.

Истеҳсоли маҳлули антисептикии «Глисэп» дар асоси Сертификати мутобиқати силсилаи TJT, №0993696-и КВД «ЭОМФТ»-и Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз 29 апрели соли 2020 дар Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»-и донишгоҳ ба роҳ монда шуда, аз спирти 700, маҳлули перекиси гидроген ва глицерин иборат мебошад.

Инчунин, дар Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»-и донишгоҳ омода намудани маҳлули антисентикии спирти 700 ба роҳ монда шудааст.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки маҳлулҳои антисептикии номбурда қобилияти хуби нобуд кардани бактерияҳо ва вирусҳоро доранд.

Дар Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»-и донишгоҳ 1800 адад (100 мл) маҳлулҳои антисептикии тамиз кардани дастон «Лавандол» ва «Глисэп» истеҳсол ва 100 литр маҳлули антисентикии спирти 700 омода карда шуда, барои тамизи дастони донишҷӯён, муҳассилини баъдидпломӣ, омӯзгорон, кормандони донишгоҳ тариқи ройгон истифода карда шуда истодаанд ва ҳамчун кумак ба беморхонаҳои шаҳри Душанбе, барои табибон дастрас карда шуда истодаанд. Корбарӣ дар ин самт идома дода шуда истодааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 632
  • 1,242
  • 949,652