ИСТИҚЛОЛИЯТ-шиносномаи миллат

ИСТИҚЛОЛИЯТ-шиносномаи миллат
Август 30
14:43 2019

Субҳи имрӯз, 30 августи соли равон бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ-28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” чаласаи идона баргузор гардид.

Дар ҷаласаи идона муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Умарзода, муовинони вазир Азиз Одиназода, Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, ёрдамчии вазир Дилором Содиқова, роҳбари Муассисаи давлатии “Академияи илмҳои тиббии Тоҷикистон” Алиҷон Ғоибзода, ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи  давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” Маҳмадшо Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Чорабинии идона бо ворид намудани Парчами давлатӣ ба толор ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар баромади табрикотии худ иштирокчиён ва дар симои онҳо кулли мардуми шарифи кишварро ба ин санаи муҳимти таърихӣ табрику шодбош намуд. Ӯ аз ҷумла иброз намуд, ки Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Қайд гардид, ки бо гузашти ҳазор сол баъд аз давлати Сомониёни бузург дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нави миллие бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи вуҷуд намуд, ки мо дар арафи таҷлили 28-умин солгарди истиқлолияти он қарор дорем.

Обидҷон Аминов, мудири бахши котиботи вазорат  оид ба Истиқлолият бо маърӯзаи пурмӯҳтаво баромад намуда, аз ҷумла иброз намуд, ки Истиқлолият неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид.

-Истиқлолияти мардуми тоҷик решаи қадимаву устувори маънавӣ дорад ва ибтидои давлатдории мо ба аҳди Каёниён рафта мерасад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд,- “Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад,-зимни баромади хеш иброз намуд Обидҷон Аминов, мудири бахши котиботи вазорат.

Дар чорабинӣ махсус зикр гардид, ки мо дар тӯли  28 соли Истиқлолияти комили давлатӣ заминаи давлатдории навини худро гузошта, соҳиби истиқлолияти воқеии сиёсӣ шудем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ эътироф гардидем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон кард.

Бо ба даст овардани Истиқлолият асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, Конститутсияи мамлакат зимни раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд. Муҳимтарин рамзҳои Истиқлолият ва давлатдории миллӣ – Нишону Парчам ва Суруди миллӣ қабул шуданд, Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд, амнияти давлатӣ ва ҳифзи сарҳад ба роҳ монда шуд. Пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 11
  • 740
  • 1,242
  • 949,760