“Истиқлолияти давлатӣ-арзиши муқаддаси миллӣ”: таҳти чунин унвон дар вилояти Хатлон ҷаласаи идона баргузор гардид

“Истиқлолияти давлатӣ-арзиши муқаддаси миллӣ”: таҳти чунин унвон дар вилояти Хатлон ҷаласаи идона баргузор  гардид
Сентябр 06
07:37 2019

«Истиқлолияти давлатӣ-арзиши муқаддаси миллӣ»,-таҳти чунин унвон бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Б.Воҳидов бо иштироки доираи васеи кормандони соҳаи тибби вилоят ҷаласаи идона баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини Сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шоназарова М.Ш, мудири шӯъбаи Раёсати тандурустии вилоят  Бояков Н.С, сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ш.Бохтар Назаров Ф.Н, Сардори шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии давлатии ташхисию тиббӣ Шарипов И.Ш, сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон Бобоҷонов Ф.Т, роҳбарони марказҳои вилоятӣ ва дигар кормандони соҳа  иштирок намуданд.

Чорабинии идона бо ворид намудани Парчами давлатӣ ба толор ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Ҷаласаро Шоназарова М.Ш., муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят  ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ табрику шодбош намуд.

Пасон директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Хатлон Худойбердиев Ҳ.К  дар баромади табрикотии худ иштирокчиён ва дар симои онҳо кулли мардуми шарифи кишварро ба ин санаи муҳимти таърихӣ табрику шодбош намуд.

Қайд гардид, ки Истиқлолият ҳамчун рамзи соҳибихтиёрии тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба  мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

“Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд”,-қайд гардид дар чорабинӣ.

Таъкид гардид, ки бо гузашти ҳазор сол баъд аз давлати Сомониёни бузург дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нави миллие бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи вуҷуд намуд, ки мо дар арафи таҷлили 28-умин солгарди истиқлолияти он қарор дорем.

Худойбердиев Х.К,-директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Хатлон бо маърӯзаи пурмӯҳтаво баромад намуда, аз ҷумла иброз намуд, ки Истиқлолият неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест.

Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил-Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони  нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, нақбҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфрасохтори иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд,-иброз намуд ӯ.

Дар фарҷоми ҷаласа ба як қатор фаъолони соҳа ифтихорномаҳои таъсисёфтаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи тандурустии вилояти Хатлон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  тақдим карда шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 13
  • 740
  • 1,242
  • 949,760