Иттиҳоди Аврупо ният дорад то 48 миллион евро ҳамчун кумак ба Тоҷикистон барои пешгирии COVID-19 пешниҳод намояд

Иттиҳоди Аврупо ният дорад то 48 миллион евро ҳамчун кумак ба Тоҷикистон барои пешгирии COVID-19 пешниҳод намояд
Апрел 14
08:25 2020

13 апрели соли равон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафир Мэрилин Йосефсонро қабул намуд. 

Тавре дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо масоили ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла пешгирии паҳншавии коронавирус (COVID-19) дар кишварро баррасӣ карданд. Дар робита ба ин, сафир Мэрилин Йосефсон изҳор намуд, ки Иттиҳоди Аврупо ният дорад то 48 миллион евроро дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ ҳамчун кумак ба Тоҷикистон барои бароварда сохтани ниёзҳои мубрам ва костани пайомадҳои ҳамагирии COVID-19 пешниҳод намояд.

Дар суҳбат ҳамчунин масъалаҳои байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Акс аз ВКХ ҶТ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 712
  • 1,242
  • 949,732