Бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи табибони ҷавон” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент дар мавзӯъи “Ташаббусҳои орифонаи Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифгари миллат” мизи мудаввар баргузор гардид.
Роҳбари навтаъсиси ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи табибони ҷавон” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Бобоҷон Сафаралиев дар мавзӯъи “Ташаббусҳои орифонаи Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифгари миллат” баромад намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки имрӯзҳо мо мардуми саодатманди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айёми таҷлили 2 санаи фархундаву ҷовидонии миллат, ки дар таърихи давлатдории навини кишвар бо хатҳои заррин сабт гардидаанд, қарор дорем. Ин санаҳои муҳими тақдирсоз таҷлили бошукӯҳи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
-Агар ба таърихи 28 соли соҳибистиқлолии ватани азизамон назар афканем, шоҳиди он мегардем, ки 16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон марди оқилу дурандеш ва фидоии миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ин марди наҷибу дурандеш аз минбари Иҷлосияи мазкур бовиқорона ва дилпурона иброз доштанд, ки “ман ба Шумо сулҳ меорам ва дар ин роҳ лозим шавад ҷони ҷавони хешро дареғ намедорам”. Хушбахтона, Пешвои маҳбуби миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваъдаи хеш вафо кардаву бо ирода ва хиради азалии мардуми тамаддунофари тоҷик ба ин сарзамин сулҳи деринтизорро насиб оварданд. Дар ин маврид гуфтан ҷоиз аст, ки агар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарафманди тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро ҳадя карда бошад, бо шарофати ин марди наҷиб ба Тоҷикистони биҳиштосо сулҳу ваҳдат ва якдиливу якмаромӣ ҳамчун ҳадяи яздонӣ ҳукмфармо гашт. Ҳақ бар ҷониби шоир аст, ки фармуда:
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Кӣ тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат Худо коре надорад,
Кӣ деҳқонаш барои дигарон кишт.
Дар ҷараёни мизи мудаввар аъзоёни ташкилоти мазкур дар васфи Пешвои миллат бо порчаҳои шеърӣ ва маърузаҳо баромад намуданд.
Қобили зикр аст, ки ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи табибони ҷавон” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар таъсис дода шуда, мақсад ва ҳадафҳои он дастгирии табибони ҷавон, баланд бардоштани мақому мартабаи ин қишри ҷомеа дар байни мардум, муаррифии дастовардҳои соҳаи тандурустии мамлакат дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба шумор мераванд.