Ширкати сохтмонии Салини Импреҷило, ки айни замон дар сохтмонии сарбанди Роғун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад, кӯшишҳои Ҳукумат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19 ҳамҷониба дастгирӣ намуда, ҳамзамон омодааст, ки дар ин самт кӯмаки хешро ба соҳаи тандурустии мамлакат расонад.
Бояд гуфт, ки аллакай аз ҷониби ширкати сохтмонии Салини Импреҷило ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 000 нусха ниқобҳои тиббӣ барои рӯй, 1000 респиратор (№ 95), 500 ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ, 10 000 ҷуфт дастпӯшҳо, 1000 ҷуфт айнак, 200 литр хлор дастрас гардонида шуданд.
Роҳбарияти ширкати сохтмонии Салини Импреҷило тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки хешро расонад.