Имрӯзҳо аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва ватанӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакҳои хайриявӣ иборат аз молу мавод ва таҷҳизоти тиббӣ расонида шуда истодаанд.
Дар партави ин иқдом, имрӯз, 28 апрели соли равон аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф” 104 дона респиратор, 100 дона либосҳои муҳофизати тиббӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Тавре директори Ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф” Руслан Шукуров иброз дошт, бо назардошти вазъи кунунии сирояти коронавирус, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, онҳо тасмим гирифтанд, ки бо мақсади пешгирии вируси мазкур маводҳои мазкурро ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намоянд.
Бояд гуфт, ки ин кӯмак дар доираи чаҳорчубаи Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба тозакунии ҷойҳои заҳролудшуда расонида шуд.
Ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф” соли 2001 таъсис дода шуда, ҳадафи он таъмин намудани сатҳи амнияти экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон мебошад.
Соли ҷорӣ ташкилоти мазкур дар се ноҳияи вилояти Хатлон, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Қубодиён ва Носири Хусрав бо истифода аз 1000 тонна моддаҳои заҳролуди бо хок омехташуда заминҳои ноҳияҳои болозикрро тоза намуд.
Бояд гуфт, ки расонидани кӯмак аз ҳаҷм ва миқдори он вобастагӣ надорад, балки он аз таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва эътибори чунин созмону ташкилот ва шахсони алоҳида дар ин лаҳзаҳои ҳассос ба мардуми кишвар ба ҳисоб меравад.