Кӯмаки таҷҳизоти тиббӣ ба Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ

Кӯмаки таҷҳизоти тиббӣ ба Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ
Июн 04
15:05 2021

Имрӯз, 4 июни соли равон дар Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ маросими супоридан ва қабули кӯмаки башардӯстонаи Шоҳигарии Белгия ба беморхонаи мазкур доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода,  Сафири Шоҳигарии Белгия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қароргоҳ дар Нур-Султони Қазоқистон)  Алексис да Кромбурге, консули фахрии Шоҳигарии Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Азим,  роҳбарият ва кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.

Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат аснои суханронии хеш аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба Шоҳигарии Белгия барои кӯмаки тиббӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, кӯмаки башардӯстонаи кишвари Шоҳигарии Белгия ба беморхонаи мазкур аз таҷҳизоти тиббӣ, аз қабили матрас, рахти хоб, болишт, бистари тиббӣ,  қачии нугтез, дастпӯшакҳо ва ғайра иборат мебошанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 619
  • 1,242
  • 949,639