Кӯмаки Ҳукумати Швейтсария ба муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон

Кӯмаки Ҳукумати Швейтсария ба муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон
Май 28
11:11 2020

28 майи соли равон Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ва Каритас Швейтсария ба 60 беморхона ва марказҳои саломатии шаҳри Бохтар ва Кӯлоб, 24 ноҳияҳои вилояти Хатлон 84466 литр собуни моеъ, 15354 кг хлор, 16636 ниқоб, 3040 литр маҳлули антисептикӣ ва 90 либоси махсуси тиббӣ дастрас намуд.

Ин иқдоми Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ва Каритас Швейтсария бо мақсади пешгирии сирояти коронавируси нави КОВИД-19 дар вилояти Хатлон  амалӣ карда шуд.

Дар доираи иқдоми мазкур ҳамзамон ба кормандон ва бошандагони доимии хонаи пиронсолони ноҳияи Ёвон низ  кӯмак расонида шуд.

Бояд гуфт, ки маводҳои зикшуда дар ҳамкории зич бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба роҳ монда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ мақомоти техникии Департаменти Федералии корҳои хориҷии Конфедератсияи Швейтсария мебошад. Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ барои ҳамкории умумии фаъолиятҳо дар кишварҳои рӯ ба инкишоф ва кишварҳои Аврупои Шарқи масъул аст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 639
  • 1,242
  • 949,659