Санаи 28 августи соли равон дар шаҳри Душанбе зери унвони “Кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд: қонунгузорӣ ва ёрии ҳуқуқии ройгон” семинари омузишию методӣ ба кори худ оғоз намуд, ки то ба 30 август идома хоҳад ёфт.
Дар кори семинар кормандони ҳуқуқӣ ва ҳуқуқшиносони муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқи”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бюроҳои ёрии ҳуқуқии 12 шаҳру ноҳияҳо ва инчунин намояндагони масъули ташкилотҳои ҷамъиятии маюбон, аз ҷумла ТҶ “НОИЛ” иштирок доранд.
Дар ин чаласаи методию машваратӣ роҳбарият ва мутахассисони варзидаю таҷрибадори идораҳои мухталифи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намуда, дар мавзуъҳои алоқаманд маърӯза намуданд.
Семинари омузишию методи бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар доираи Лоиҳаи “Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат” ташкил гардидааст.
Кайд кардан ба маврид аст, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон ва таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии онҳо, расонидани ёрии қуқуқии ройгон ба аҳолии камбизоат яке аз масъалаҳои муҳими соҳавӣ ба шумор рафта, мақомоти ваколатдори марказии ҳокимияти давлатӣ дар ин самт, бахусус баҳри амалишавии ин мавзӯъҳо корҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд.