Зимни як занҷиши кормандони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон бинобар риоя накардани қоидаҳои тамизгардонӣ ва санитарию эпидемиологӣ фаъолияти 10 муасисаҳои табобатию профилактикӣ ва кошонаҳои ҳусн муваққатан қатъ карда шуд.
Тавре дар ин бора Сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон Маҳмадҷон Абдулқодирзода ба moh.tj хабар дод, санҷишҳои назоратӣ дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеъият, инчунин, дар ҳуҷраҳои дандонпизишкии хусусӣ ва кошонаҳои ҳусни шаҳрҳои Бохтар, Левакант, Норак ва ноҳияҳои Кушониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Ҷайҳун, Ёвон, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Қубодиён ва Шаҳритуз гузаронида шуд.
“Дар рафти санҷиш камбудиҳо, аз ҷумла риоя накардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, тамизгардонӣ, истифодаи дастгоҳҳои тамизгардонии соли бароришашон номаълум, аз курсҳои махсус нагузаштани мутахассисони тамизгар, риоя накардани қоидаҳои муомилот бо доруворӣ ошкор карда шуданд”,-илова намуд Сардори Сарраёсати мазкур.
Ҳамин тавр, ба хотири роҳ додан ба камбудиҳои болозикр нисбати 21 нафар масъулини муассисаҳои марбута парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Бо мақсади ба бозомӯзӣ фаро гирифтан 11 нафар мутасаддиёни ҳуҷраҳои тамизгардонӣ ва корманони кошонаҳои ҳусн ба филиали Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони соҳаи тиб дар шаҳри Бохтар равон карда шуданд.