Каритас Олмон ба оилаҳои осебпазир кӯмак намуд

Каритас Олмон ба оилаҳои осебпазир кӯмак намуд
Май 13
12:02 2020

Филиали Ассотсиатсияи Каритас Олмон дар Тоҷикистон (Каритас Олмон) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 тонна кӯмаки озуқаворӣ ва беҳдоштиро бо арзиши 33,000 евро ба оилаҳои осебпазири ноҳияҳои Шаҳритуз ва  Айнӣ тақдим намуд.

Кӯмаки башардӯстона тавассути ташкилотҳои ҷамъиятии шарик “Шифо”, “АЗИТ” ва “ДАРО” дар ҳузури намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба оилаҳои осебпазир тақсим гардид.

Ҳамзамон, дар доираи ин иқдом ба 5800 оилаи дорои узви маъюб (3000 оила дар ноҳияи Шаҳритуз ва 2800 оила дар ноҳияи Айнӣ) маҷмӯи беҳдошти шахсӣ иборат аз ниқобу собуни моеъ ва маҳлули безараргардонӣ  дастрас карда шуд.

Аз миёни оилаҳои манфиатбаранда ба 1100 хонаводаи камбизоат (700 оила дар Шаҳритуз ва 400 оила дар  ноҳияи Айнӣ)  дар баробари маводҳои беҳдоштӣ, инчунин, бастаҳои озуқавории дорои орду равған, шакару макарон, биринҷу намак ва гугирд дастрас гардонида шуд.

Ҳамзамон, 130 корманди тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал ва ризокор, ки ба раванди тақсимот ҷалб гардида, минбаъд низ кори худро бо шахсони дорои маъюбият дар давраи пандемияи COVID-19 идома медиҳанд, бо маҷмӯи муҳофизатии шахсӣ иборат аз ниқобу дастпӯшакҳои якккарата ва маҳлули безараргардониву сачоқчаҳои намнок таъмин карда шуданд.

Илова бар ин, 320 маҷмӯи воситаҳои муҳофизатии шахсӣ иборат аз либоси яклӯхт (комбинезон), респиратор ва айнак ба 5 муассисаи тандурустии шаҳри Душанбе  дастрас гардид.

Ин иқдоми башардӯстона дар чорчӯбаи ду лоиҳаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал, ки бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва Каритас Олмон айни замон дар ноҳияҳои Шаҳритуз ва Айнӣ татбиқ мегарданд, амалӣ карда шуд.

Мақсади лоиҳаҳои мазкур беҳтар кардани ҳаёти  шахсони дорои маъюбият ва мусоидат намудан ба фарогирии иҷтимоии онҳо тавассути як қатор омӯзишу машғулиятҳои тавонбахшӣ, таъмини воситаҳои техникии тавонбахшӣ, касбомӯзӣ, беҳгардонии дастрасии шахсони дорои маъюбият ба хизматрасониҳои босифати давлатӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, коҳиш додани  хатари офатҳо ва ғайра  мебошад.

Қобили зикр аст, ки аз миёнаҳои моҳи апрел то  кунун ин сеюмин кӯмаки таъҷилии башардӯстона аст, ки Каритас Олмон бо истифода аз  маблағҳои худ ва донорҳо, аз ҷумла Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID-19 ба Тоҷикистон мерасонад.

Ғайр аз кӯмаки озуқаворӣ ва беҳдоштӣ, Каритас Олмон барои таҳия ва нашри 600 нусха Дастурамали вокуниши  кормандони  муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар давраи пандемияи коронавируси COVID-19 ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки молию техникӣ расонид. Бояд гуфт, ки дастурамали мазкур аз тарафи муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар саросари кишвар мавриди истифода қарор мегирад.

Дар асоси тавсия ва таҷрибаҳои пешқадам ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, як варақа (постер)-и иттилоотӣ роҷеъ ба COVID-19 бо забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ таҳия ва дар миёни  шаҳрвандон тақсим карда шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 740
  • 1,242
  • 949,760