“Кимчёнг” ва “Сифат Фарма” семинари омӯзишӣ баргузор намуданд

“Кимчёнг” ва “Сифат Фарма” семинари омӯзишӣ баргузор намуданд
Июл 17
10:38 2019

Дирӯз, 16 июли соли равон дар меҳмонхонаи “Шератон”-и шаҳри Душанбе дар ҳамкории ширкати “Кимчёнг”-и кишвари Корея ва ширкати “Сифат Фарма”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон  семинари омӯзишӣ доир гардид.

Дар кори семинар мутахассисони самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ, намояндагони вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ширкатҳои  “Кимчёнг” ва  “Сифат Фарма” иштирок намуданд.

Дар семинари мазкур маҳсулоти ширкати “Кимчёнг” ба намоиш гузошта шуд, ки ҳозирин аз он дидан намуданд.

Қайд гардид, ки семинари мазкур дар доираи сафари Сарвазири  Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ёнро, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 16 июли  соли равон дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ёнро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқоти судманд доир ба ҷанбаҳои манфиатбори муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Корея, ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, гидроэнергетика, молияву бонкдорӣ ва бахши хусусӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, фармасевтика, илму маориф, фарҳанг, муҳоҷират, сайёҳӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар заминаи минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон табодули афкор  сурат гирифт.

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 714
  • 1,242
  • 949,734