“Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”: сифати таълим беҳтар мегардад

“Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”: сифати таълим беҳтар мегардад
Январ 09
14:54 2020

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти коллеҷ дар соли 2019 ҷаласаи якҷояи Шӯрои олимон, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Тибқи рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи муовини директори коллеҷи мазкур Азизов З.А.  вобаста ба натиҷаи фаъолияти муассиса дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 ироа гардид.

Қайд карда шуд, ки соли 2019  Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ба як қатор дастовардҳо ноил гаштааст, аз ҷумла дар ин давра фаъолияти марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ва табобатии муассиса боз ҳам фаъол гашта, дар маркази таълимӣ-табобатии ҷарроҳии муассиса дар давоми сол 705 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст, ки аз онҳо 291 ҷарроҳӣ тариқи дастгоҳи эдовидеоҷарроҳӣ амалӣ шудаанд. Инчунин, дар маркази таълимӣ-табобатии стоматологияи коллеҷ ба 334 – нафар хизматрасонии дандонпизишкӣ расонида шудааст. Дар маркази таълимӣ-истеҳсолӣ бо мақсади ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш дар давоми соли гузашта 7 999 қуттиҳои гиёҳчой ба муассисаҳои тандурустӣ дастрас карда шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар заминаи осоишгоҳи таълимӣ-таҷрибавӣ ва фароғатӣ, ки дар ҷамоати деҳоти Айнии н.Варзоб қарор дорад, айни замон сохтмони маркази таълимӣ-истеҳсолӣ ва табобатӣ ба нақша гирифта шуда, сохтмони он оғоз гардидааст.

Қайд гардид, ки воридсозии низоми кафедравӣ, беҳтар намудани заминаи моддию техникии коллеҷ, баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон ва равнақ бахшидан ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ имкон дод, ки солҳои охир сифати таҳсилот дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”боло бурда шавад.

Соли 2019 Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар рейтинги байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки аз тарафи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф гузаронида шуда буд, сазовори ҷойи дуюм гардида, бо дипломи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Давоми соли 2019 донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”дар якчанд озмунҳои фаннии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гаштанд. Аз ҷумла, донишҷӯи бахши 4-уми ихтисоси кори ҳамширагӣ Бобоҷонова Нурангез дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯйи сол – 2019”, ки санаи 23 декабри соли 2019 аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, фаъолона ширкат варзида, бо ифтихорномаи сарфароз гардид.

Айни замон хазинаи китобхонаи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”64 845 нусха адабиёти таълимиро дар бар мегирад, ки ин шумора нисбат ба 5 соли гузашта то 50% зиёд гардидааст.

Бояд гуфт, ки корҳои илмӣ-тадқиқотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”ба шумор меравад. Имрӯзҳо зиёда аз 30 нафар устодони ин таълимгоҳ дар самтҳои гуногун – тиб, кимиё, биология, филология, педагогика ва психология, таъриху фалсафа, барои дарёфти дараҷаи илмии номзад ва доктори илм таҳқиқот бурда истодаанд. Дар коллеҷи мазкур 4 нафар докторони илмҳои тиб, 10 нафар номзадони илмҳои тиб ва 2 нафар номзади илмҳои филология фаъолият доранд.

Дар охири ҷаласа омӯзгороне, ки соли 2019 дар соҳаи таълиму тарбияи донишҷӯён фаъолияти босамар доштанд, бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар ҷодаи омодасозии мутахассисони миёнаи касбӣ, нақшаҳо барои соли 2020 муайян карда шуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 26
  • 772
  • 1,242
  • 949,792