Корҳои безараргардонӣ дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Корҳои безараргардонӣ дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Июн 04
14:06 2020

Баъди шифо ёфтан ва рухсат шудани шаҳрвандон Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ҳолати муқаррарии корӣ бармегардад.

Имрӯз, 4 июни соли равон дар муассисаи мазкур корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик он ба фаъолияти  муқаррарӣ баргардад.

Таи чанд рӯз аст, ки дар саросари мамлакат ба  фаъолияти муқаррарии корӣ баргардонидани қисме аз муассисаҳои тандурустӣ, ки  як муддати муайян дар онҳо гумонаброни сирояти  каронавируси нави КОВИД-19 табобат мегирифтанд, идома дорад.

Маврид ба зикр аст, ки чанде қабл Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил” ва Маркази бемориҳои урологӣ, воқеъ дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ва бахши таваллудхонаи Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, ки як муддати муайян ба муоинаву муолиҷаи гирифторони бемории каронавируси нави КОВИД-19  машғул буданд,  ба фаъолияти муқаррарии корӣ баргардонида шуданд.

Ба иқрори мутахассисони соҳа, давоми рўзҳои охир дар аксар минтақаҳои мамлакат, бахусус дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ҳолатҳои сироятёбии сокинон ба бемории  КОВИД -19  то андозае поён рафта, ҳамзамон, муроҷиати шаҳрвандони мамлакат низ ба муассисаҳои тиббии кишвар бо нишонаҳои сироятёбӣ ба ин беморӣ кам шудааст.

Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи авҷи сироятёбии сокинон ба бемории кираонавируси нави КОВИД-19 паси сар шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 730
  • 1,242
  • 949,750