Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои якҷояи Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳоди табибони ҷавон» дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории сироятии COVID-19 ҷиҳати гузаронидани корҳои безараргардонӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, фаъолият намуда истодаанд.
Дар доираи гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ тариқи дастгоҳи баландгӯяк дар маҳалаҳои шаҳри Душанбе, инчунин, фаъолияти гурӯҳҳои махсуси безараргардонӣ аз ҳисоби табибони ҷавони соҳаи санитарию эпидемиологӣ дар назди Иттиҳодия дар майдончаҳои варзишии бозии кӯдакона, нишастгоҳҳо, айвонҳои истироҳатӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ, дорухонаҳо, марказҳои савдо, муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла хона-интернати пиронсолон ва шахсони яккаву танҳо дар ҷои истиқомат ва нақлиётҳои ҷамъиятӣ корҳои безараргардонӣ идома доранд.