Корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, вобаста ба пешгирии бемории ВНМО

Корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, вобаста ба пешгирии бемории ВНМО
Июн 28
11:17 2018

Бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи татбиқи дастур ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,   бо мақсади ташаккули роҳҳои нави самаранок ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО дар ҷумҳурӣ миёни кормандони тиб, ҷавонон, омӯзгорон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, занҳои ҳомиладор ва муҳоҷирони меҳнатии як қатор мавзеъҳои  вилояти Хатлон ҷамъомад баргузор гардид.

Иқдоми мазкур дар  доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017  “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасои масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020” сурат гирифт.

Ба иттилои дастрас, дар расми баргузор гардидани чорабинии мазкур кормандон ва мутахассисони Муассисаи давлатии  «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди  бемории ВНМО» ҷалб гардида, дар рафти он зиёда аз  1300 ҷавонон, омӯзгорон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, занҳои ҳомиладор ва муҳоҷирони меҳнатии ноҳияҳои Кушониён, Ҷайҳун ва шаҳрҳои Леваканду Бохтари вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 967
  • 1,242
  • 949,987