Корҳои таъмирӣ ва сохтмонии муассисаҳои тандурустӣ дар ВМКБ вусъати тоза касб мекунанд (АКС)

Корҳои таъмирӣ ва сохтмонии муассисаҳои тандурустӣ дар ВМКБ вусъати тоза касб мекунанд (АКС)
Июл 28
14:53 2022

Ҳифзи саломатии аҳолӣ баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон мақоми хоса касб намуда, таҳти таваҷҷуҳ ва дастгириҳои  бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини солимии аҳолӣ дар баробари дигар манотиқи кишвар дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ низ як қатор корҳои муҳим ва назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Дар ин давра дар ҳудуди вилоят даҳҳо муассисаҳои хуштарҳу замонавӣ бунёд ва бо навтарин таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд, ки дар ин замина сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ боз ҳам хубтару беҳтар карда шуд.

Қобили зикр аст, ки дар шаҳру навоҳии ВМКБ низ имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ вусъати тоза касб намуда истодаанд.

Айни замон дар ҳудуди вилояти мазкур корҳои сохтмонии бунгоҳҳои тиббии Кеврон ва Тоғмай дар ноҳияи Дарвоз, Беморхонаи рақамӣ ва бунгоҳи тиббии Оқмамад дар ноҳияи Шуғнон, Беморхонаи минтақавии Вранг ва бунгоҳи тиббии Гармчашма дар ноҳияи Ишкошим, сохтмони бунгоҳи тиббии Меденвед ва Беморхонаи марказӣ дар ноҳияи Роштқалъа, Маркази саломатии деҳоти Аличур дар ноҳияи  Мурғоб бо маблағгузориҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, соҳибкорон ва шарикон оид ба рушд ҷараён дошта, корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ аллакай дар бархе аз муассисаҳои тандурустии мазкур дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд ва аллакай барои ба истифода супоридан омода мебошанд.

Бояд гуфт, ки пас аз ба истифода додани муассисаҳои тандурустии болозикр сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар ин вилоят боз ҳам хубтару беҳтар мешавад, ки ин иқдом аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин минтақаи дурдасти кишвар дарак медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 673
  • 1,242
  • 949,693