Кормандони дастгоҳи марказии вазорат филми мустанади “Шикасти фитна”-ро тамошо намуданд

Кормандони дастгоҳи марказии вазорат филми мустанади “Шикасти фитна”-ро тамошо намуданд
Май 30
15:46 2022

Имрӯз, 30 майи соли равон кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон филми мустанади “Шикасти фитна”-ро, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” вобаста ба ҳаводиси ахири ВМКБ, махсусан нақшаву амалҳои нопоки гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ин минтақа омода ва таҳия гардидааст, тамошо намуданд.

Факту далелҳое, ки дар филми мазкур дарҷ гардидаанд, парда аз ҳодисаҳои ахири ВМКБ бардошта, чеҳраи аслии ҷинояткоронро нишон медиҳанд.

Тавре аз мазмуни филми мазкур бармеояд, ҳодисаҳои ахири ВМКБ маҳз бо дастгирӣ ва пуштибонии ашхоси ҷинояткор, хосатан роҳбарони ҳизби террористии наҳзати исломӣ ба вуқуъ пайваста, душманони миллати тоҷик бо ин роҳ мехостанд фазои сулҳу  ороми мамлакати азизамонро халалдор созанд.

Аз ин рӯ, тамошои филми мазкур ба ҳар як сокини Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аз асли воқеаҳои ВМКБ  огаҳӣ пайдо намуда, ҳақиқатро бо чашми сар бубинад.

Воқеан ҳам мардуми сарбаланди ВМКБ пуштибони сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, вале мутаассифона, ду-се ҷинояткор аз номи мардуми сарбаланди ин минтақаи биҳиштосои Ватани азизамон баромад намуда, мехоҳанд ҳадафҳои ғаразноки хешро амалӣ намоянд.

Аммо, тавре дар урфият мегуянд: “бори каҷ ба манзил намерасад”. Бинобар ин, ҳар як сокини Тоҷикистони азизамонро лозим ва зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромии Ватани азизамон бирасад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 632
  • 1,242
  • 949,652