Кормандони соҳаи тандурустии мамлакат бо баргузории ҳамоиши тантанавӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд

Кормандони соҳаи тандурустии мамлакат бо баргузории ҳамоиши тантанавӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ноябр 16
16:30 2021

Бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”   имрӯз, 16-уми ноябри соли равон дар толори “Сино”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми  Шӯрои Олии Тоҷикистон   ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.

Дар ҷаласаи тантанавӣ муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Ғафур Муҳсин,  муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, ректори Муассисаи давлатии таълимии “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ, собиқадорони соҳаи тандурустӣ д.и.т., профессор Аҳмадов Аламхон Аҳмадович ва академики АМИ ҶТ Мироҷев Ғиёсиддин Қутбиддинович баромад намуда, оид ба ҷоннисориҳою қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳамияти таърихии  Иҷлосияи тақдирсози XVI  Шӯрои Олии Тоҷикистон  ҷиҳати ба даст омадани сулҳу субот дар ҷумҳурӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон дар 30-соли Истиқлолият таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.

Ҳамоиши тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар ҳамоиш қайд гардид,  ки дар тақвими ҷашну маросимҳои расмии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаест муборак, ки  аз 16-уми ноябри соли 2016 ин ҷониб ҳар сол таҷлил мегардад. Ин рӯзро  бо итминон Рӯзи сидқу вафо ба миллату давлат номидан мумкин аст. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Парлумони кишвар, ба хотири  арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст.

Тавре таърихи навини Тоҷикистон гувоҳ аст, 16-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хучанд доир гардид ва дар ҷараёни кори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1994 Президенти кишварамон интихоб гардиданд.

Гуфат шуд, ки тӯли Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба марҳилаҳои пурпечутоби таърихӣ дучор  ва  ба санҷишҳои зиёд рӯ ба рӯ гардида, маҳз бо талош ва заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вартаи ҳалокат раҳо ва ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик тавонист оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намояд ва ба Ваҳдати миллӣ бирасад.

Ғояи сулҳ, оштии миллӣ, авфу ҳамдигарбахшӣ аз муҳимтарин паёмҳои  Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки аз рӯзҳои аввали интихоб шуданашон ба вазифаи пурмасъулияти Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузошта шуданд ва ин паём минбаъд низ ҷавҳари асосии тамоми барномаи  фаъолияти эшонро ташкил  дод.

Мо имруз ифтихор аз он менамоем, ки таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як мактаби бузурги сулҳофарӣ ва ҳалли низоъ эътироф карда, мавриди омӯзиш қарор додааст.

Бо талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик ба худшиносии миллӣ расид ва тайи ин солҳо Пешвои миллати тоҷикон дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, ташаккули худшиносии миллӣ ва рӯҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузоштанд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ва омодакунии кадрҳои баладихтисоси ин самти афзалиятнок ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуданд.

Басо рамзист, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти олии мамлакат ба шумор рафта, дар давоми  се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Маҳз заҳмат ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кунад.

Дар ҳамоиш махсус таъкид гардид, ки воқеан ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каҳрамони Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати таъриҳии худро дар назди Ватан, миллат ва таърих сарбаландона ба ҷо овардаанд.

Ҳамчунин, дар ҳамоиши тантанавӣ донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббии донишгоҳ Ҳусейнов Муҳаммадҷон  оид ба дастгириҳои пайвастаи ҷавонони эҳтиёҷдошта аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуд.

Сипас, барои ҳозирин филми ҳуҷҷатӣ роҷеъ ба талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар рушду пешрафти Тоҷикистони азизамон намоиш дода шуда, барномаи консертии донишҷӯёни донишгоҳ, ки аз шеъру сурудҳои баландмазмун дар вазфи Пешвои миллат ва Тоҷикистони азиз иборат буд, пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 919
  • 1,242
  • 949,939