Кормандони тиб бо мақсади пешгири намудани бемориҳои мавсимӣ ба курсҳои омузишӣ ҷалб карда шуданд

Июл 10
11:20 2017

Таи чанд муддат аст, ки дар назди Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Маркази омузишии компютеркунонидашудаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона (ICAT)  ҷиҳати омузонидани табибони вилояти Хатлон дар самти  «Омӯзиши технологияи мутобиқатгаштаи компютеркунонидашудаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона» ба фаъолият оғоз намуд. Маркази мазкур бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон ва шӯъбаи ташкилоти “IntrahealthInternational” кушода шуда, то ба имрӯз дар доираи фаъолияти он зиёда аз 60 нафар табибон ва кормандони миёнаи тибби муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру навоҳии вилоят ба бозомузӣ ҷалб карда шуданд.

Курсҳои омузишии мазкур дар дораи Лоиҳаҳо  оид ба «Саломатӣ ва ғизо» инчунин  «Озуқаворӣ ба хотири оянда»  роҳандозӣ гаштааст.

Дар курсҳои омузишии мазкур кормандони миёнаи тиб ва табибони Марказҳои ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона ҷалб гардидаанд. Мақсади фаро гирифтани мутахассисони марказҳои мазкур ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу малакаи корӣ пешигирӣ аз паҳншавии бемориҳои дар фасли гармо сарзананда миёни атфол маънидод мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 715
  • 1,242
  • 949,735