Кормандзанони милитсияи вилояти Хатлон бо шаҳрвандон суҳбатҳои сарироҳӣ мегузаронанд

Кормандзанони милитсияи вилояти Хатлон бо шаҳрвандон суҳбатҳои сарироҳӣ мегузаронанд
Июн 25
15:31 2020

Бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз ҳисоби Шуъбаи кор бо занони раёсати мазкур гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, бо сокинони шаҳри Бохтар дар назди бозори марказӣ, маконҳои серодами ҷамъиятӣ ва кӯчаву маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбатҳои сарироҳиро ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 ва рафти амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» анҷом дода истодаанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зимни баргузории суҳбатҳо таъкид карда мешавад, ки волидайн кӯдакони хурдсол ва мактабхонашонро дар вақти таътили муваққатӣ беназорат нагузошта, онҳоро ба мутолиаи китобҳои бадеӣ ва машғул шудан ба варзиш ҷалб намоянд.

Ҳангоми муошират дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба қоидаҳои тавсия кардаи табибон риоя намуда, саломатии худу дигаронро зери хатар нагузоранд.

Ҳамзамон дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби аъзоёни гурӯҳи корӣ ба сокинон ба таври ройгон ниқобҳои тиббии муҳофизатӣ, маводҳои иттилоотиву тарғиботӣ ва маводҳои антисептикӣ ба таври ройгон тақсим карда шуда, дар ин самт чорабиниҳо идома доранд.

Мавриди зикр аст, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои муассири мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус COVID-19 таҳия ва амалӣ карда шуда, вазъи эпидемиологии мамлакат ба эътидол омада истодааст. Ҳамагон пайваста кушиш менамоянд, ки дар самти пешгирии ин вабои аср саҳмгузор бошанд. Вазъи ба амал омада мардуми худогоҳу ватанпарварро бетараф намегузорад.

Нақши занон имрӯзҳо дар ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистони соҳибистиқлол бағоят муҳим буда, онҳо дар тамоми сохторҳои идоракунии давлатӣ дар баробари мардон фаъолият карда истодаанд.

Алалхусус, кормандзанони милитсия, ки вазифаҳои пурмасъулро ба дӯш доранд, имрӯзҳо кушиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷалби аҳолиро ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва риояи талаботи санитарию гигиенӣ бештар намоянд.

Заҳмати софдилонаи кормандзанони милитсия ҳамасола аз ҷониби Роҳбари давлат, Роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбарияти РВКД дар вилояти Хатлон қадршиносӣ мегардад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 617
  • 1,242
  • 949,637