Корпоратсияи байналмилалии исломии тиҷоратию молиявӣ ба Тоҷикистон барои мубориза бо COVID-19 грант ҷудо кард

Корпоратсияи байналмилалии исломии тиҷоратию молиявӣ ба Тоҷикистон барои мубориза бо COVID-19 грант ҷудо кард
Июл 25
11:48 2020

23 июл бо дастгирии Хазинаи навтаъсиси рушди тиҷорат, Корпоратсияи байналмилалии исломии тиҷоратию молиявӣ созишнома дар бораи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додани грант барои хариди лавозимоти тиббиро ба имзо расонид.

Созишнома харидории таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла лавозимоти муҳофизати инфиродӣ ва ниқобҳои касбии меъёрии N95-ро маблағгузорӣ мекунад.

Корпоратсия ин созишномаро дар доираи яке аз ташаббусҳои пешбурди тиҷорат – Ташаббуси вокуниши фаврӣ, ки ба дастгирии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ равона шудааст, ба имзо расонид. Дар якҷоягӣ ин барномаҳо ба баланд бардоштани устувории аҳолӣ ва қобилияти кормандони соҳаи тиб дар мубориза бар зидди COVID-19 нигаронида шудаанд. Ин грант як ҷузъи ваколати «Respond – Вокуниш»-и Барномаи «3 Rs»-и Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд оид ба COVID-19: «Вокуниш, барқарорсозӣ ва дубора ба корандозӣ» мебошад.

Директори генералии Корпоратсия Ҳани Салем Сонболтак ҷудо намудани грантро ба Тоҷикистон чунин шарҳ дод: «Таъмини лавозимоти муҳофизатии инфиродӣ ба кормандони соҳаи тиб дар Тоҷикистон ба пешгирии интиқоли дохилибемористонӣ ва ҳифзи саломатии кормандони соҳа, ки дар сафи пеш қарор доранд ва беист бо COVID-19 мубориза мебаранд, мусоидат мекунад. Он инчунин барои пешгирии паҳншавии вирус дар байни аҳолӣ ва ба ин васила коҳиш додани таъсири иҷтимоию иқтисодии он кумак хоҳад кард».

Ҳадафи Хазинаи навтаъсиси рушди тиҷорат дар назди Корпоратсия дастгирии лоиҳаҳои рушди тиҷорат дар кишварҳои узви СҲИ ва ҷомеаҳои мусулмонон дар кишварҳои ғайриузви ин созмон мебошад. Ин як қисми ҷудонашавандаи стратегияи Корпоратсия барои густариши тиҷорат дар ҷаҳони ислом ба ҳисоб меравад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 906
  • 1,242
  • 949,926