“Кортҳои шаҳрвандӣ” ифодагари баҳои аҳолӣ ба сифати хизматрасонии тиббист

“Кортҳои шаҳрвандӣ” ифодагари баҳои аҳолӣ ба сифати хизматрасонии тиббист
Июн 17
13:22 2022

Бо мақсади мукаммал намудани фаъолияти шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои таҷрибавӣ аз рӯи маблағгузорӣ дар асосӣ натиҷаи фаъолият (МАНФ), дар доираи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ дастгирӣ меёбад,  тамоми чораҳо андешида мешаванд. Мақсади асосии Лоиҳа баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибави А. Ҷомӣ, Кушониён, Кулоб, Ҳамадонӣ, Ёвон, Фархор, Ҷ.Балхӣ, Қубодиён ва Данғараи вилояти Хатлон, ноҳияҳои Спитамен, Деваштич, Зафаробод,  Ҷ.Расулов ва Масчоҳи вилояти Суғд, ноҳияи Файзободи НТМ, ноҳияи Дарвози ВМКБ мебошад.

Зикр бояд кард, ки ҳадафи асосӣ хизматрасонии босифату саривақтии тиббӣ ба аҳолии вобасташудаи  ин минтақаҳо буда, механизми Кортҳои шаҳрвандӣ маҳз ба ҳамин хотир ҷорӣ карда шудааст. Бо ин мақсад барои фароҳам овардани имконияти бештар ба аҳолӣ, хонаводаҳо ва аъзоёни дигари ҷомеа барои ҳифзи вазъи саломатии худ тариқи амалҳои самаранок, баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ва тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирии саривақтии бемориҳо,ба даст овардани фикру андеша ва пешниҳоди аҳолӣ вохуриҳо бо истифодабарандагони хизматрасониҳои тиббӣ дар маҳалҳо ва кормандони муассисаҳои тандурустӣ, ки бо механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият (МАНФ) фаро гирифта шудаанд,  ташкил ва гузаронида шуданд.

Ин ҷамъомадҳо дар 265 марказҳои саломатии деҳоти 16 ноҳия баргузор карда шуданд. Чун ин вохуриҳо ба хотири ба даст овадани фикру андешаи аҳолӣ, истифодабарандагони хизматрсониҳои тиббӣ аст, дар он ширкати  кормандони тиб манъ карда шудааст. Танҳо пас аз ба даст овардани баҳои аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ ва баёни андешаву пешниҳоди онҳофасилитаторҳо метавонанад бо кормандони  муассисаҳо  суҳбат ороставу барои иҷрои саривақтии дархости аҳолӣ  чораҳои заруриро андешанд.

Ин  шакли корбарӣ яке аз пешниҳодоти Бонки умумиҷаҳонист, ки метавонад баҳои аҳолиро ба сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ муайян намудаву  ҳамкории онҳоро бо муасссисаҳои деҳот бештар гардонад. Ҳамзамон кормандони муассисаҳои тиббӣ имкон пайдо мекунанд баҳои аҳолиии вобасташудаашонро ба кори худ бифаҳманду барои рафъи камбудиву норасоиҳо бикушанд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки дар  марказҳои саломатие, ки  ҷалби аҳолӣ ба кори муассиса бештар аст, сифати хизматрасонии тиббӣ низ беҳтару хубтар гардидааст. Зимни ин вохуриҳо истифодабарандагони хизматрасониҳои тиббӣ низ аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ огаҳ мегарданду барои дастириву кумак ба муассисаи тиббии маҳалли зисти худ бештар мекушанд, зарурати муроҷиати саривақтӣ ва саҳм доштан дар раванди кори хуби  табибону ҳамшираҳои минтақавии худро бештар дарк мекунанд.

Инчунин зикр бояд кард, ки дар 37 маркази саломатие, ки аз тарафи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” сохта ба истифода дода шудааст, тамоми шароити ташхису табобат муҳайёст ва ба ин хотир баҳои аҳолӣ ба ин мусаасисаҳо баланд аст. Ҳамчунин баҳои аҳолӣ ба муассисаҳое, ки фаъолияти худро дар доираи механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият (МАНФ) ба роҳ мондаанд, хеле хуб аст. Ин намуди баҳогузориҳо гувоҳи он аст, ки маблағи дар асоси фаъолияти хуб бадаствоардаи кормандон барои рушди хизматрсонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат намуда, кормандон низ аз он қаноатманданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 962
  • 1,242
  • 949,982