Соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоии давлат ба шумор рафта, солҳои охир ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст, ки ин аз сиёсати хирадмардонаи Сарвари давлат вобаста ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шаҳодат медиҳад.
Бо мақсади иҷрои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми сентябри соли 2022, №712 аз ҳисоби мутахассисони варзидаи вазорат аз ҷониби Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ»-и шаҳри Душанбе гӯруҳи корӣ созмон дода шуда, ба шаҳру ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд.
Рӯзҳои 10-11 октябри соли ҷорӣ «Корвони хизматрасонии тавонбахшӣ ва воситаҳои ёрирасон» ба шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнии вилояти Суғд сафар намуд. Дар ҷараёни маъракаи мазкур ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши кормандони бахшҳои ҳифзи иҷтимоии маҳалҳо, инчунин сатҳи иттилоотнокии кормандони шабакаҳои муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ семинар-машваратҳо гузаронида шуда, ба ниёзмандони ин минтақаҳо 12 номгуи воситаҳои ёрирасони техникӣ, аз қабили роҳравакҳои гуногун, асо барои нобиноён, асабағалҳо, курсӣ барои ҳаммом ва ҳоҷатхона, телефонҳои мобилии соддакардашуда, тахтачаҳои иттилоотӣ (доска Брайла) ва дигар намуд воситаҳои офиятбахшӣ дастрас карда шуд.
Ҳамзамон, мутахассисони корхона ба бошандагони «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Панҷакент» ва ба шахсони қобилияти маҳдуддоштаи минтақа хизматрасониҳои протезию ортопедӣ расониданд.
Лозим ба ёдоварист, ки “Корвони хизматрасонии тавонбахшӣ ва воситаҳои ёрирасон» минтақаҳои дурдасти ҷумҳуриро дарбар гирифта, ба шахсони имконияташон маҳдуд хизматрасониҳои протезӣ-ортопедӣ ва воситаҳои офиятбахшӣ расонида мешавад.