Имрӯз Корвони саломатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муоинаи тиббии сохтмончиёни НБО Роғун, ҷиҳати расонидани кӯмаки тиббиву санитарӣ ба онҳо вориди майдони сохтмонии нерӯгоҳ гардид. Дар ҳайати ин Корвони саломатӣ 40 нафар мутахассисони баландпояи соҳа, табибони самтҳои гуногун ба сохтмончиён хизмат мерасонанд. Дар баробари мутахассисони соҳибтаҷриба ҳамчунин дастгоҳҳои ташхисӣ, аз қабили флюрографияи сайёр, озмоишоҳи сайёри ташхиси умумии хун ва ВНМО, таҷҳизоти ташхиси фаросавтӣ, сабти барқии кори дил, тестҳо барои ташхиси диабети қанд ва маводҳои иттилоотӣ барои ташхису маслиҳатдиҳӣ равон карда шуданд.
Хизматросонии Корвони саломатӣ ба сохтмончиёни ин нерӯгоҳи бузурги аср бори аввал набуда, минбаъд низ идома хоҳад ёфт.