Сокинони Панҷакент ба ташхис ва табобати ройгон фаро гирифта шуданд

Сокинони Панҷакент ба ташхис ва табобати ройгон фаро гирифта шуданд
Июл 04
13:48 2022

Давоми як моҳ мешавад, ки “Корвони саломатӣ” дар шаҳри Панҷакент  ба қабул ва табобати маризон машғул мебошад. Бояд гуфт, ки “Корвони саломатӣ”-и мазкур бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати Норвегиягӣ ва фонди хайриявии “Шоҳ Абдулло” ташкил шудааст.

Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо шароити “Корвони саломатӣ” шинос шуда, иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент  омодааст, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани маъракаи саломатии мазкур кӯмаки хешро расонад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар инҷо 6 духтури ботаҷриба ба маризон бо истифода аз техникаву техналогияи замонавии тиббӣ хизмат мерасонанд. Ҳамчунин дар “Корвони саломатӣ” имкони анҷоми ҷарроҳии хурд низ вуҷуд дошта, ба касоне, ки ниёз доранд, пешниҳод мегардад.

То кунун дар ҷараёни ин маъракаи саломатӣ аз ҷониби табибон зиёда аз 2000 бемор қабул гардида, ба беш аз 4000 муроҷиаткунанда машваратҳои тиббӣ дода шудааст. Дар “Корвони тиббӣ” тамоми намуди хизматрасонӣ ройгон буда, он то охири тобистони соли ҷорӣ фаъолият хоҳад кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 646
  • 1,242
  • 949,666