Санаи 22 июни соли равон бо мақсади пешгирии беморшавии аҳолӣ ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа дар доираи татбиқи ҳадафҳои бунёдии “Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023” «Корвони саломатӣ»-и навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори “Аз ташхиси вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) гузар, аз солимии худ огоҳ бош” зери роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Одиназода Азиз Абдусаттор ба ноҳияи Рашт сафарбар гардид. Дар чорабинии мазкур мутахасисони ботаҷрибаи соҳа аз ҷумла, сармутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, устодони баландпояи муассисаҳои олии таълимии тиббӣ ҷалб гардиданд.
Дар ҷараёни баргузории «Корвони саломатӣ» зиёда аз 3305 нафар сокинони ноҳияи Рашт аз хизматрасонии ройгони тиббӣ баҳравар гардиданд. Аз ҷумла 279 нафар аз ташхиси ВНМО ва 419 нафар аз ташхиси ултрасадоӣ гузаронида шуданд. Ҳамзамон зимни баргузории «Корвони саломатӣ» 80 кӯдак хатна карда шуда, ба 5 нафар кӯдак ҷароҳии чурраи модарзодӣ гузаронида шуда, 170 нафар ҷароҳии чашм карда шуданд. Аз миёни калонсолон низ 4 нафар ҷарроҳӣ гардиданд.
Қобили зикр аст, ки дар ҳайати корвони саломатӣ тамоми муассисаву сохторҳои тобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории ВНМО”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” ва дигар зерниҳодҳои дахлдор ҳузур доштанд.
Ҳамзамон, барои шахсони маъюб вобаста ба шакли маъюбияташон 5 адад аробачаи маъюбӣ, 50 адад асо ва 8 ҷуфт пойафзоли ортопедӣ тақдим карда шуд.