КОВИД-19. Волонтерон дар Тоҷикистон омодаанд ба одамони маъюб, камбизоат ва эҳтиёҷманд кӯмак расонанд

КОВИД-19. Волонтерон дар Тоҷикистон омодаанд ба одамони маъюб, камбизоат ва эҳтиёҷманд кӯмак расонанд
Май 09
14:13 2020

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» бо мақсади  анҷом додани хизматрасониҳои машваратӣ вобаста ба пешгирӣ ва  мубориза бар зидди бемории коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маркази машваратию  хизматрасонии  волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID–19  таъсис дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» муовини Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» Дилноза Аҳмадзода хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, маркази хизматрасонии волонтёрон бо мақсади расонидани хизматрасонии иҷтимоӣ барои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расонидани маълумоти саривақтӣ ва бо маълумоти пешгирикунанда  таъмин намудани сокинони мамлакат 24 соат ба таври шабонарӯзӣ фаъолият  менамояд.

Дар маркази мазкур телефонҳои боварии (837) 80 60 38 шабонарӯзӣ фаъолият намуда, волонтёрони ташкилот, ки аз ҳисоби  донишҷӯёни муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ ҷамъ омадаанд, ба саволҳои   шаҳрвандон посух дода,  инчунин ба маъюбон, шахсони барҷомондаву ниёзманд хизматрасониҳои иҷтимоиро ба таври ройгон ба сомон мерасонанд.

Иқдоми мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» роҳандозӣ шудааст.

Ҳамзамон, дар назар дошта шудааст, ки  иқдоми мазкур дар марказҳои маъмурии вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 12
  • 734
  • 1,242
  • 949,754