Лоиҳаи “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” муаррифӣ гардид

Лоиҳаи “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” муаррифӣ гардид
Декабр 29
15:25 2020

Санаи 29 декабри соли равон дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар кори он лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Дар бораи “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” муаррифӣ карда шуд.

Самариддин Ализода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш таъкид намуд, ки  барномаи мазкур бо мақсади пурзӯр намудани раванди манъшавии эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, паст намудани фавт аз бемории пайдошудаи норасоии масуният, расидан ба дастрасии баланди хизматрасонии пешгирикунанда, табобат ва нигоҳубин дар самти вируси норасоии масунияти одам барои ҳар як шахс, беҳтар намудани саломатӣ ва баланд бардоштани сифати солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Маврид ба тазаккур аст, ки вируси норасоии масунияти одам дар давоми 40 соли охир ба яке аз мушкилоти асосии аҳли сайёра табдил ёфтааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли ин мушкилот бетараф нест. Дар ин давра, дар ҷаҳон зиёда аз 75 миллион одамон ба ин сироят гирифтор шуда, қариб 33 миллион фавтидаанд, ки 43%-ро ташкил медиҳад.

Дар рафти баргузории чорабинӣ таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба пешгирӣ ва мубориза ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам тамоми ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалиро дар чаҳорчубаи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ҳамаҷониба эътироф  ва дастгирӣ менамояд.

Давоми солҳои охир дар ҷаҳон пешрафти назаррас дар самти паст намудани сатҳи сирояти вируси норасоии масунияти одам ба мушоҳида мерасад.  Махсусан, бо ин мақсад корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар чорабиниҳо гузаронида мешаванд, ки баҳри баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ оид ба вируси норасоии масунияти одам, роҳҳои интиқолёбӣ, усул ва роҳҳои пешгирии сирояти мазкур равона карда шудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 712
  • 1,242
  • 949,732