Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла дар Тоҷикистон ҷамъбаст гардид

Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла  дар Тоҷикистон ҷамъбаст гардид
Феврал 13
15:50 2024

Имрӯз, 13-уми феврали соли равон дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе бахшида ба ҷамъбасти фаъолияти Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ (USAID ETICA), ки давоми зиёда аз 4 сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гашт, ҷаласа баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, директори намояндагии USAID дар Тоҷикистон Питер Райлӣ, роҳбари лоиҳаи USAID ETICA Ҷамила Исмоилова, роҳбарони як қатор муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд.

Чорабинии мазкурро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки  Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) солҳои тӯлонӣ шарики боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди бемории сил ва пешгирии афзоиши бемории сили ба дору устувор буд ва боқӣ мемонад. Дар тӯли солҳои ҳамкорӣ бо USAID Барномаи миллии зидди сил дар ҷумҳурӣ равишҳои инноватсиониро ҷорӣ кард, ки он ба коҳиш додани гирифторони бемории сил дар кишвар мусоидат намуд.

Гуфта шуд, ки бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ баҳри баланд бардоштани иқтидори муассисаҳои тиббӣ дар идоракунии ҳолатҳои бемории сил ва бемории сили ба дору устувор (БСДУ), маблағгузорӣ дар соҳаи сил, ба роҳ мондани системаи иттилоотии зиддисилӣ, таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳо дар озмоишгоҳҳову муассисаҳои тиббӣ ва баҳри дастгирии беморони сил дар рафти табобат кумакҳои ҳамаҷониба расонида шуд.

Бинобар ин, Абдухолиқ Амирзода барои дастгирии соҳа ва саҳм гузоштан дар коҳиш додани бемории сил дар мамлакат аз номи роҳбарияти вазорат ба намояндагии USAID дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Ҳамзамон дар идомаи ҷаласа як қатор иштирокчиён низ доир ба самтҳои гуногуни фаъолияти лоиҳаи мазкур баромад карданд.

Дар охири чорабинӣ ба рӯзноманигорон ва дигар шахсоне, ки дар амалисозии лоиҳаи номбурда саҳм доштанд, Сипоснома ва Шаҳодатнома тақдим карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 593
  • 1,242
  • 949,613