М. Камолзода: коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст

М. Камолзода: коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст
Январ 22
07:52 2020

21 январи соли равон бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода ва намояндагони ВАО оид ба вазъи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус, ки чанд рӯзи охир дар Ҷумҳурии мардумии Чин ба қайд гирифта шуда, ҳамзамон, боиси марги инсонҳо гардид,  нишасти хурди матбуотӣ доир шуд.

Бояд зикр намуд, ки нишасти хурди матбуотӣ дар пайи муроҷиати зиёди рӯзноманигорон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои маълумоти бештар пайдо намудан аз бемории мазкур ва вазъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Қайд намудан ба маврид аст, ки шурӯъ аз моҳи декабри соли 2019 дар як қатор музофотҳои Ҷумҳурии мардумии Чин вазъи эпидемиологии бемории сироятии коронавирус номуътадил гардид. Тибқи маълумотҳои оморӣ,  ҳарчанд бемории мазкур солҳои пеш низ дар як қатор кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Кореяи ҷанубӣ, Таиланд ва Ҷопон низ ба қайд гирифта шуда буд, вале тайи чанд соли охир бақайдгирии ин беморӣ умуман дида намешуд.

Шурӯъ аз моҳи декабри соли 2019 ин беморӣ дар шаҳри Вуҳани вилояти Хубейи Ҷумҳурии мардумии Чин ба қайд гирифта шуда, тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ то 20 январи соли 2020 ҳамагӣ 218 ҳодисаи гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.

Тавре Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пайдоиш ва интиқоли  бемории мазкур гуфт: “бемории сироятии коронавирус аслан дар бадани ҳайвоноти хонагӣ, хусусан, паррандаҳо, чорвои калони шохдор  ва хук афзоиш ёфта, баъдан ба одам интиқол меёбад. Нишонаҳои асосии ин беморӣ, пеш аз ҳама таби баланд, дарди сар, дарди мушаку пайвандҳо ва дарди гулӯ буда, пасон нишонаҳои дигар, аз ҷумла осеб ёфтани роҳҳои нафас ва шушҳо ба вуҷуд меоянд, ки дар муҳлати кӯтоҳ ҳолати бемор вазнин гардида, дар  сурати ба табобат фаро нагирифтан он метавонад ба фавт оварда расонад. Тибқи маълумоти оморӣ, то имрӯз дар Ҷумҳурии мардумии Чин шумораи фавт бар асари ин вирус зиёд нест, чунки аксар беморон саривақт дарёфт гардида, ба табобат фаро гирифта мешаванд”.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода ба саволи рӯзноманигорон дар мавриди он ки вируси дар кишвари Чин ба қайд гирифта  шуда ягон вируси нав мебошад ва ё коронавирус, чунин посух дод: Бояд гуфт, коронавирус ҳам якчанд намуди худро дорад. Тибқи маълумотҳои эпидемиологӣ, коронавирус ба он хотир гуфта мешавад, ки ин беморӣ зери микроскоп  мисли офтоб мавҷҳо дорад ва аз ин сабаб аз калимаи карона гирифта шудааст. То кунун 38 намуди ин вирус  ба қайд гирифта шудааст. Ёдовар бояд шуд, ки тайи солҳои 2014-2016 дар Арабистони Саудӣ низ як вируси ховари миёнагӣ ба қайд гирифта шуда буд, ки он  ба оилаи коронавирусҳо шомил буд ва он замон манбаи сирояти бемории мазкур шутур ба шумор мерафт. Айни замон ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти муайян намудани вирусе, ки дар Ҷумҳурии мардумии Чин паҳн гардида истодааст, кор бурда истодаанд”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии мардумии Чин ҳамсарҳад буда, миён ду кишвар қариб дар тамоми самтҳо ҳамкориҳои зич  ба роҳ монда шудаанд. Дар идомаи нишаст муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба саволи он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории мазкур чӣ тадбирҳо андешида истодааст, чунин ҷавоб дод: “Хушбахтона, то кунун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Новобаста ба ин, тибқи Конвенсияи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, яъне қоидаҳои байналмилалии тиббии санитарӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита шомили он мебошад, дар гузаргоҳҳои сарҳадии мамлакат, аз ҷумла чӣ дар гузаргоҳҳои ҳавоӣ ва чӣ дар гузаргоҳҳои заминӣ нуқтаҳои санитарӣ-карантинӣ мавҷуданд, ки онҳо бевосита зертобеи  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар ин нуқтаҳо  тибқи фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва пешниҳодоту амрномаҳои Сардухтури давлатии санитарии эпидемологии  Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ бонги хатар  задан  супориш дода мешавад, ки ин нуқтаҳо фаъолияти худро пурзӯр намуда, ба фаъолияти шабонарӯзӣ гузаранд. Ҳамзамон, айни ҳол дар фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ таҷҳизоти зарурӣ, ба монанди  теплавизор  ва термасканерҳо насб карда шудаанд, ки ҳар як шаҳрванде, ки аз Ҷумҳурии мардумии Чин ба Тоҷикистон ворид мегардад,  тавассути онҳо гузаронида мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки ҳангоми дарёфти чунин беморон онҳо фавран дар ҳуҷраҳои махсусе, ки дар фурудгоҳҳо мавҷуданд, ҷойгир карда шуда, тавассути нақлиёти махсус ба шӯъбаҳои бемориҳои сироятӣ  интиқол ёфта, таҳти назорати табибон қарор дода мешаванд. Имрӯз тамоми сохторҳо вазифадор гардидаанд, ки тибқи Фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳуриии Тоҷикистон таҷҳизоти худро омода намоянд  ва тамоми мусофироне, ки  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, аз муоина  гузаронида, дар мавриди зарурӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

Дар ин раванд, озмоишгоҳҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла озмоишгоҳи вирусологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Озмоишгоҳи пажӯҳишгоҳи тиббӣ-профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидаанд, ки бо мақсади дарёфти ин гуна вирусҳо омода шаванд. Ҳамзамон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор ба унвонии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол намудааст, ки то муътадил гардидани вазъият сафарҳои корӣ ва сайёҳии шаҳрвандони мамлакатро ба он минтақаҳои кишвари Чин, ки ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, маҳдуд гардонида шавад”.

Дар нишаст зикр гардид, ки сирояти ин беморӣ дар он минтақаи Ҷумҳурии мардуми Чин ба қайд гирифта шудааст, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳад намебошад.

Дар охири нишаст Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзноманигорон даъват ба амал овард, ки аз ин масъалаи ҳассос ҳангома насозанд, зеро, вазъи бемориҳои сироятӣ  дар Тоҷикистон муътадил ва нигаронкунанда намебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 625
  • 1,242
  • 949,645