Рӯзи 15 июли соли равон дар китобхонаи марказии ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аз тарафи кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маблағгузории соҳаи тандурустӣ мизи мудаввар гузаронида шуд, ки дар кори он Асомуддинов Ф.– сармутахассиси Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Нуров А.Т. – мутахассис оид ба мониторинги вориднамоии маблағгузории сарикасӣ ва азнавсозии меъёрҳои Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тибби”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳусейнов Ҳ.Т. – мутахассис оид ба системаи итилоотии идоракунии МАНФ Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Самвел Харазян, мушовири байналмилалии Лоиҳаи иштирок ва суханронӣ карданд. Тибқи барномаи мизи мудаввар аз ҷониби Самвел Харазян, мушовири байналмилалии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” мавзъзуҳои маблағгузории сарикасӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: корҳои анҷомёфта ва роҳҳои такмили системаи маблағгузории сарикасӣ дар ҷумҳурӣ ва ворид намудани феҳристи нави электронии беморон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Бояд гуфт, ки татбиқ ва пешбурди феҳристи электронии беморон (ФЭБ) яке аз вазифаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад, ки марҳилаҳои зеринро дарбар мегирад:
-Таҳия ва тасдиқи варақаи феҳристи беморон ва бақайдгирии ташрифи беморон дар муассиса ё хона;
-Таҳияи системаи электронии феҳристи беморон дар ноҳияи таҷрибавӣ ва дигар масъалаҳои ҷори намудани маблағгузории сарикасӣ;
-Таҳия ва тасдиқи “Дастурамал оид ба ворид намудани феҳристи электронии беморон”;
-Таҳия ва татбиқи системаи автоматикунонидашудаи ворид намудани феҳристи электронии беморон;
-Гузаронидани бақайдгирии мизоҷон, пур намудани шакли коғазии варақаҳо, ворид намудани маълумот ба системаи автоматикунонидашуда, ислоҳи маълумот ва таҳлили ҷамъбастии ҳисоботҳо;
-Пардохтҳои ҳавасмандгардонӣ ба кормандон барои ташаккули феҳристи электронии беморон”;
-Таҳияи “Дастурамал оид ба пардохти музди меҳнати кормандони тиб дар заминаи маблағгузории сарикасӣ барои истифодаи муассисаҳои таҷрибавӣ”;
Дар кори мизи мудаввар 32 нафар аз ҳисоби гуруҳҳои сарпараст, роҳбарони маркази саломатии деҳотӣ ва мудирони бунгоҳҳои саломатӣ иштирок доштанд.
Зимни вохурии масъулони соҳа бо роҳбарияти ноҳия аз ҷониби Самвел Харазян – мушовири байналмилалии Лоиҳаи мазкур оид ба маблағгузории сарикасӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои анҷомёфта ва роҳҳои такмили системаи маблағгузории сарикаси дар чумҳурӣ ва ворид намудани феҳристи нави электронии беморон маълумоти кофӣ дода шуд.
Дилрабо Раҳимӣ – муовини Раиси ноҳияи Спитамен ворид намудани феҳристи нави электронии беморон ва дигар ислоҳотҳои маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Спитамен, ки яке аз ноҳияҳои таҷрибавӣ хисоб мешавад, бо хушӣ пазируфта, омодагӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитаменро дар назди ҳозирин қайд намуд.