Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб ба давраи зимистон омода мебошад

Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб ба давраи зимистон омода мебошад
Ноябр 10
10:25 2021

Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади бе мушкилӣ паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 омодагии хуб дида, бинои хобгоҳ, таълимгоҳ, дигар иншооти ёрирасон ва дару тирезаҳоро сари вақт таъмир карда, печҳои барқиро низ тайёр намудаанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Тавре директори муассиса Сурайё Бадарғаева иттилоъ дод, дар Мактаб-интернати ёрирасони рақами 1 дар шаҳри Кӯлоб  дар баробари таъмир ҳамаи тарбиятгирандагон бо либоси гарми зимистона таъмин мебошанд. Имсол бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  бинои мактаб-интернат аз таъмир бароварда шуд ва хонандагон метавонанд зимистони имсоларо бе мушкилӣ паси сар намоянд.

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбӣ-техникии сохтмони шаҳри Кӯлоб» низ корҳои шишабандии тирезаҳо ба анҷом расонида шуда, барои зимистон 22 куб ҳезум, 4 тоннаю 200 килограмм ангишт ва дигар намуди маводи сӯхт захира кардаанд. Инчунин барои хобгоҳ ва синфхонаҳои таълимӣ 65 адад печҳои барқӣ омода гардидаанд, ки дар рӯзҳои аввали сардӣ тақсим карда мешаванд.

Инчунин тибқи нақша ва иҷрои  маблағгузорӣ  барои сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти  муассисаҳои буҷетӣ  дар шаҳри Кӯлоб барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 аз ҷониби раёсати молияи шаҳри Кӯлоб тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ба аксар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои томактабӣ, литсей, гимназия ва мактаб-интернатҳо барои зимистонгузаронӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Ба гуфти сардори  раёсати молияи шаҳри Кӯлоб Баҳриддин Султонов,  мувофиқи нақша ба соҳаи маориф 85100 сомонӣ, тандурустӣ- 50000 сомонӣ ва дар маҷмӯъ 135100 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки 93,1%-и нақшаро дар бар мегирад. Маблағгузорӣ дар ин самт идома дорад.

АКСҲО аз манбаъҳои боз

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 638
  • 1,242
  • 949,658