Июн 23
17:34
2021
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат 18 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 23 июн дар кишвар 13358 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.