Маълумоти мухтасар дар бораи Созишномаҳои маблағгузории иловагӣ барои “Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон” (Лоиҳаи ТЕС-19)

Июл 02
15:32 2021

Бо мақсади амалисозии тадбирҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалисозии Нақшаи эътинои фаврӣ ба пандемияи COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ, таъмини омодагӣ ва эътино ба бемории COVID-19 тавассути хариди ваксинаҳои зидди бемории COVID-19 ва гузаронидани иммунизатсияи аҳолӣ, таҳкими иқтидорҳои шабакаҳои оксигентаъминкунӣ ва дастгирии иловагии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, 21 майи соли 2021 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ 2 (ду) Созишномаи молиявӣ оид ба маблағгузории иловагӣ барои “Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон” дар ҳаҷми баробар ба 21,2 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуд.

Созишномаҳо аз ҷониби Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 июни соли 2021  тасдиқ (ратификатсия) гардида, баъди ба эътибори қонунӣ даромадани онҳо, аз 30 июни соли 2021 мавриди амал қарор дода шуданд.

Дар доираи Созишномаи маблағгузорӣ иловагӣ дар ҳаҷми баробар ба 8,63 млн. доллари ИМА чорабиниҳои зерин ба нақша гирифта шуданд:

– хариди ваксинаҳои зидди COVID-19, воситаҳои ҳимояи шахсӣ ва гузаронидани иммунизатсияи аҳолӣ;

– таҳкими иқтидорҳои соҳаи иммунопрофилактика, аз ҷумла таъсис додани махзани иттиллоотӣ оиди бақайдгирии иммунизатсияи аҳолӣ;

– вусъат бахшидани тадбирҳои иттилоотӣ ва чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти ваксинакунонии аҳолӣ.

2)    Дар доираи Созишномаи маблағгузории дуюми иловагӣ дар ҳаҷми баробар ба 12,57 млн. доллари ИМА чорабиниҳои зерин ба нақша гирифта шуданд:

– харид ва таҳвили истгоҳҳо барои истеҳсол ва пуркунии оксигени адсорбсияи  кӯтоҳдавра;

– хариди ваксинаҳои сурхак, паротити эпидемикӣ ва дигар сироятҳои мавсимӣ барои эҳтиёҷоти эмгузаронии нақшавӣ;

– дастгирии иловагии иҷтимоии табақаҳои ниёзманд тавассути пардохти кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони синни то 7-сола доранд,  хонаводаҳои камбизоат, ки сарварии оиларо занҳо ба ӯҳда дошта, дар ҳайати худ кӯдакони то синни 16-сола доранд, инчунин оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони маъюби синни то 18-сола доранд;

– хариди серверҳои муосири иттилоотӣ ва таҳияи таъмини барномавӣ бо мақсади азнавсозии системаи иттилоотии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ;

– дастгирии иловагии Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар самти рақамикунонӣ санадҳои тиббӣ бо мақсади ҷорӣ намудани системаи электронии бақайдгии маъюбон;

– дастгирии иловагии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти густариш додани маъмурикунонии махзани иттилоотии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ.

Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ оид ба расмиятдарории созишномаҳои маблағгузории иловагӣ, самтҳои фаъолият ва чадвали хароҷотҳои банақшагирифта замима мегарданд.

Ҷамшед Каримов,

Менеҷери Лоиҳаи ТЕС-19

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 580
  • 1,242
  • 949,600