Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар Тоҷикистон 41,2% иҷро шуд

Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар Тоҷикистон 41,2% иҷро шуд
Сентябр 28
16:17 2021

Бино ба иттилои дастрас то ба ҳолати 27 сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи пешбинишуда 2 миллиону 398 ҳазору 703 нафар (41,2%) нафар шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида  1 миллиону 740 ҳазору  682 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Ҳамзамон, гуфта мешавад, ки маъракаи иммунизатсия миёни аҳолии пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе 100,4% иҷро гардидааст.

Бояд гуфт,  ки имрӯзҳо сокинони мамлакат бо як масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд ва аз ғамхориҳои пайвастаи ҳукумати кишвар хоссатан дар самти саривақт дастрас намудани ваксинаи зидии бемории каронавирус сипосгузории хешро иброз медоранд.

Дар ин росто қайд кардан ҷоиз аст, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18 сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 715
  • 1,242
  • 949,735